Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Ин даста чиҳил савори найзавар дошт, ки ба назари Искандар варзида ва размӣ тофта буданд. Ба фармуди шоҳ онҳо бояд роҳ тоза мекарданд; дар саросари роҳи Задракартаву Ориё рўзбонон ва посбононро мегузоштанд. Ва боз дар таки ин амалиёт чӣ ниҳон буд, танҳо Искандар медонисту Анаксипп. Ба ҳар ранге, ки буд, сарбозони ба ғорату тороҷ бадомўхт дар ин ҳавза низ бадкории хешро карданд: тороҷ карданд, бурданд. На танҳо шаҳрвандон, балки сокинони кўҳнишин низ ба танг омаданд. Шўриданд онҳо.
Оташи балво забона зад. Фаро гирифт Ориёро.
БАНДИ ҲАШТУМ
Сотибарзан сўйи Ориё мерафт. Сар мешикасту намефаҳмид, ки чаро шоҳи мақдунӣ Анаксиппи ҳамшаҳрашро ба ў дум кард.
Шояд ҷосусӣ бошад ва ё аз нобоварӣ. «Маълум, ки бовар надорад. Бегона донад. Ва мо дар ватани хеш дастнигар шавем ўро.
Гуфтаҳои Бесус дуруст: «Дар хонаи худ хор гардем. Гарчӣ озод гом занем ҳам чун ҳайвон беҳуқуқ монем.» Анаксипп низ андеша дошт: «Чаро Искандар ҳаваси ба Мақдуниёву Юнон баргаштани сарбозонро ангехт ва маро ба ин сатрап дунболагир кард?» Баъд чун зиёд роҳ паймуданд, нишастанду бархостанд, луқма бо ҳам хўрданд, ошно шуданд, қисса бо ҳам гуфтанд...то гилагузорӣ. Ҳар ду хавф мекашиданд аз якдигар.
Анаксипп: — Ҳа-а-а (Сар ҷунбонида). Сарбозони юнониву мақдунӣ хаста шуданд. Э-э-эй, Мақдуниё куҷову Ориё куҷо? Саг ҳам чунин роҳ мепаймуд, мемурд. Одамӣ ҷонсахттар аз саг бувад.
Дар пойҳои пиёдагон мағз намонд. Бераҳмӣ. Сахт бераҳмӣ.
Сотибарзан: — Ҳа-а.
Рўшан сухан накард, ки ҷосусӣ дорад Анаксипп. Ва диққат ба суханони ў медиҳад, ки муғамбирона метобад.
Анаксипп: — Дарёфтӣ, ки чӣ кас аст Искандар?
Сотибарзан: — Туро рўшан бошад. Ман нав дидам ўро. Чун лашкаркаш аст, ҳарчӣ фармояд, он кунанд лашкариён.
Анаксипп: — На. На ҳар чӣ он гўяд, бикунанд.
Сотибарзан: — Бикунанд... Вагарна...
Анаксипп: — Пас, чаро гоҳе ки «пойи шоҳи Порсро бибўсед!»
гўён пой ёзид, касе аз мақдуниён набўсид?
Сотибарзан ба андеша рафт, ки киноя ва таъна ўро занад. Ва хушгуфторӣ кард, то сахттар аз кинояи ў бошад.
Сотибарзан: — Зеро ў пойи шоҳи Порсро ёзид, на пойи мақдуниро.
Анаксипп: (Боз сахттар) — Ва ту бўсидӣ?
Сотибарзан: (Баландназар) — Оре, ман бўсидам. Вале на пойи Искандарро. Попўши модиро бўсидам, ки пазмон шуда будам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё