Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Анаксипп: (Ҳайрон) — Попўши модиро?
Сотибарзан: — Оре! Попўши модиро, ки ба ҳар пой кашанд, зеб диҳад.
Анаксипп: — Ҳммм... Чунин бигўй... Ҳама гумон карданд, пойи Искандарро бўсидӣ ва дигарон пайрав шуданд.
Сотибарзан: — Оре, пайрав шуданд. Аз ҷумла Анаксипп. Вагарна туро ба Ориё нафиристода буд.
Анаксипп: (Тез шуда) — Фиристода буд!
Сотибарзан: (Қатъӣ) — Нафиристода буд!
Анаксипп: — Ва ту аз куҷо дидӣ, ки ман пойи ўро бўсидам?
Сотибарзан: — Ҳама диданд, ман низ дидам... Зебо буд он попўш. Ҳар кас орзу мекард ва бо ҳавас мебўсид. Зарнигор буд, нигин дошт ва фарқе надошт аз тоҷ.
Анаксипп: — Бале, зебо буд. Ҳоҷате надорад ба таърифи ту.
Вале хосу ом диданд ва яқин карданд, ки сатрап пойи шоҳро бўсид.
Ва хеле нафрин карданд, ки сатрапи Порс пойи шоҳи Мақдуниро бўсид. Пастист.
Сотибарзан: (Бо тамкин) — Фикри ҳар кас ба қадри фаҳмиши ўст. Ақли ту низ. Ақлу фаҳмиши шумо ба чизе, ки гоҳи попўш бўсиданам гуфтам, нарасад.
Анаксипп: (Низ паст омада) — Чӣ гуфтӣ? Мехоҳам бидонам.
Ва дар вақоеъномаам сабт бикунам.
Сотибарзан: — Ҷосусӣ макун. Маро рўшан бувад, ки низ Искандарро чашми дидан надорӣ. Юнонӣ ҳастӣ. Аз зарурат ва ё эҳтиёҷ ба ин юриш омадайӣ.
Анаксипп: — Ман мақдунӣ ҳастам! Аз эҳтиёҷ на, аз эҳтиром омадаам. Ва чаро ту колои пуч бар ман бор бандӣ?
Сотибарзан: — Ман ҳозирбинам. Агар мақдунӣ будӣ, чун дигар мақдуниён пойи Искандар набўсидӣ. Чун бегонайӣ, аз тарс ё барои хешро ширин кардан пойи шоҳ бўсидӣ.
Анаксипп: — Чунон ки ту?
Сотибарзан: — Гуфтамат, ки ман попўши зебои модиро пазмон шуда будам, чун онро дидам, бўйидам. Чунон ки дар роҳ гуфта будам, аслу насабам модист. Ту низ дўст дорӣ ватанатро?
Модаратро? Падаратро?
Анаксипп: — Магар ман насносам, ки дўст надорам ватанамро, модарамро, падарамро?
Сотибарзан: — Агар ки ин сегонаро дўст дорӣ, чаро ба д-ин ғурбат омадӣ?
Анаксипп: — Худам намедонам. Шояд зарурат буд.
Сотибарзан: — Оре, зарурат. Ман инро дарк мекунам. Мўҳтоҷӣ ва овозаи зари Порс туро ба ин ҷо оварда, чунон ки
Искандарро ва ҳамаи лашкариёнро. Вагарна чӣ ҳаст дар бодияҳову регзорҳову кўҳҳо?
Анаксипп: — Ба таъна задану киноя гуфтан устухон на-дорӣ.

пешина
аз 411
навбатӣ