Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сотибарзан: — Туро таъна тобад, киноя пиндорӣ... Зану фарзанд дорӣ?
Анаксипп: — На.
Сотибарзан: — Аз ин рў туро сахт нарасад. Тасаввур бикун, ки дар хона нишастайӣ, душман даромада пеши чашмонат зану фарзанди туро чӣ корҳое карданд. Тоқат мекунӣ? Ана зану фарзанд неву падару модаратро. Сахт мерасад?
Анаксипп: — Албатта сахт мерасад.
Сотибарзан: — Моро низ сахт расид. Кўза то кай лаби об солим рафта солим ояд? Рўзе бояд бишканад. Ё аз беэҳтиётӣ ё аз шитобкорӣ ва ё аз бепарвойӣ. Бо Искандар ҳамаи ин сифатҳо ҳамроҳ. Бегонагон бад бинандаш, худиҳо низ.
Анаксипп: — Маро торик бувад.
Сотибарзан: — Ман сўҳбат кардам бо чанде. Ҳама дилгиранд
аз чунин ҷанг. Бархе гўянд: «Худо донад, ки Искандар зинда баргардад аз ин ҷанг?» Магар чунин муомилаву муносибат ягон чизи ғайрирасмӣ дорад?
Анаксипп: — Ман ин чизҳоро намефаҳмам. Ҳамин қадар рўшан, ки қисми зиёди сарбозон кироя ҳастанд, шояд хостаашонро пайдо карда бошанд. Қисме Искандарро дўст дошта ҳамроҳаш
омадаанд, ҳолиё пушаймонанд. Баъзе гумони ҷавонӣ, пиндоштаанд, ки Искандар якранг монад бо онҳо ва то мурдан якҷоя гарданд. Хаёлҳои кўдакона. Чунон ки бар омад, Искандар сад дар сад дигар шуда.
Сотибарзан: — Туро чӣ оварда?
Анаксипп: — Муҳаббат.
Сотибарзан: — На. Ту ба Искандар муҳаббат надорӣ...
Анаксипп: — Чаро...
Сотибарзан: — Зеро чашмонат мегўянд, рангат гувоҳӣ медиҳад ва ларзиши лабонат шаҳодат, ки ба ў эътиқод надорӣ.
Анаксипп хомўш монд. Чӣ гуфтанашро надонист ва он чӣ аз мағзаш мегузашт ба забон овард:
Анаксипп: — Чӣ гўям ба ту? Зинда монад, зинда монам, ҳамроҳи ў бармегардам. Бимирам, хок бихўрад... Вале ҳолиё бигўй, ки гоҳи пойи Искандарро бўсидан чӣ гуфтӣ?
Сотибарзан: — Ман пойи ў набўсидаам. Гоҳи бўйидани попўшҳои модӣ гуфтам, он чӣ ту ҳолиё гуфтӣ.
Анаксипп: — Яъне ман чӣ гуфтам?
Сотибарзан: — «Хок бихўрад».
Анаксипп: — Айнан бигў.
Сотибарзан: — Ин пойи номуборак зудтар канда шавад аз ин хок! Агар на, хок бихўрад он пойро!
Анаксипп: — Айнан гуфтӣ?
Сотибарзан: — Айнан гуфтам.
Анаксипп: — Ва ман гумон кардам, ки...

пешина
аз 411
навбатӣ