Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сотибарзан: — Ва ту гумони бад кардӣ. Зеро худат чунин ҳастӣ!
Анаксипп: — Ман на чунинам, на чунон. Балки донам, ки хиёнат кардӣ ба Искандар.
Сотибарзан: — Чӣ гуна хиёнат? Ба хидмат – тўҳмат?
Анаксипп: — Кадом хидмат? Он ки дар Задракарта дастархон оростӣ? Он барои ту лозим буд. Гумон дорӣ Искандар онро пай набурд? Ў донист, ки бозӣ мекунӣ, маро ҳамроҳи ту фиристод. Он чӣ ту ҷосусӣ мепиндорӣ!
Сотибарзан: — Ман медонистам, ки ту ҷосусӣ ва гуфтам туро...
Ва ту ҳам, шоҳат ҳам хуб пай бурдаед, ки ман он хонро ба эҳтироми Искандар наоростаам. Ман ўро андармон кардам, то аз пайи Бесус наравад. Дар ин миён Бесуси Бохтарӣ имкон пайдо кунад, то сипоҳ гирд оварад.
Анаксипп инони асбашро кашид беихтиёр, ки гумони Искандар яқин баромад. Ба ў нигарист, ба пас нигарист, ки саворон меоянд ё на. Сотибарзан аз нигоҳи ў ва якбора сухан қатъ карда, чорахоҳ ба саворон рў оварданаш хавф бурд ва донист, ки мазза аз қайла гузашта. Шароби дар канори рўдак хўрдаашон аз бинӣ хоҳад баромад. «Илоҷ ва ҷойи гурез набувад. Чорае бояд кард.
Буд-набуд, нарезондаву начакконда ҳама гуфтаҳоро ба Искандар хоҳад бурд.» Якбора шамшер кашид аз наём. Тохт бар Анаксипп.
Ва Анаксипп низ шамшер охт. Ҳанўз шамшерҳо дар фазо ҷавлон накарда, ҷанги даҳонӣ сар шуд:
Сотибарзан: — Искандарро, туро кӣ хонд ба мулки Порс?
Анаксипп: — Хишоёршоҳро кӣ хонда буд ба Юнон? Шумо сар кардед, мо омўхтем, такрор кардем. Ҳолиё дошт бидиҳед!
Сотибарзан: — Омадан гиред, бинем, то куҷо мерасед?!
Анаксипп: — Нокас будайӣ. Гуноҳ мекунӣ, ҷурмро ба гардани дигаре меандозӣ. Туро касе лоба карда буд, ки пойи шоҳи моро бибўсӣ? Истода-истода чун девори намкаш алам кашидӣ, ки пеши чашми он қадар гурдону ялон, сипаҳбадон, сипоҳиёну бардаву мамлукҳо, бавижа гетерҳои нозанин пойи шоҳи бегона бўсидӣ, ки пастие пасттар аз ин нашавад.
Сотибарзан: — Ман...
Анаксипп: (сухани ўро бурида) — Чӣ хеле ки ҳастӣ, ҳамчунон пазируфтандат.
Сотибарзан: — Ман...
Анаксипп: (Гуфтан намонда) — Медонам. Муродат буд, ки Искандар боз туро сатрап бихонад.
Сотибарзан: (Хашмӣ) — На!!!
Анаксипп: (Беэътиноёна) — Ҳа!
Сотибарзан: — Муттаҳам танҳо Искандар набувад. Ҳамаатон муттаҳам.

пешина
аз 411
навбатӣ