Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Анаксипп: — Бале. Агар муттаҳам набуд, туро вазифа надода буд. Ва маро ҳамроҳи ту нафиристода буд.
Сотибарзан: — Ў дониста туро бо ман фиристод. Медонист, ки ба хунатон ташна ҳастам! Туро чиву маро бонӣ кардан чӣ. Бо дидбонӣ ё ҷосусӣ Шарқро, Порсро, Эронро нобуд нахоҳӣ кард!
Шарқу Порсу Эрон бемаргу анўша бувад. Садҳо Искандар оянду раванд, вале ин мулк пойдор хоҳад монд. Тамоми Мақдуниёву Юнонро ба Порс кўчонанд ҳам, Порс Мақдуниё ё Юнон нахоҳад шуд. Эрон хоҳад монд чун Эрон. Ҳеҷ як зани эронӣ аз Искандар ё ту барин зархаридон бор нахоҳад овард; магар зўрӣ, ҳаромӣ. Ё магар ки он зан фоҳиша бувад ва ё бетафриқа...
Анаксипп: (Заҳрханда карда) — Ҳо-ҳо! Магар надонӣ, ки тамоми ин мулк аз сипоҳи Искандар бор оварда?!
Сотибарзан: (Бо ситеза) — На! Чунин нахоҳад шуд!
Ва шамшер ҷавлон занонд. Асбҳо рў ба рў шуданд. Он пўлод нури Хуршедро баргардонд ва чашми Анаксиппро рабуд. Даст бар чашм бурд. Сотибарзан тохт овард. Шамшер зад. Шамшери Анаксипп парид. Сотибарзан асбашро пошна зад. Азбаски пеши роҳ банд буд, фараси ў чароғпоя шуд ва ду дасти сапеди он бар фарқи сари Анаксипп омад. Сум зада ўро аз зин афканд. Пойи чапаш монд андар рикоб. Асбаш гурехт соҳибашро вазза карда.
Сотибарзан низ асбашро тезонд ва шамшер ҷавлон дод, фитроки рикоб бурида он мақдуниро аз шиканҷа мераҳонида бошад. Вале ба ҷойи банди рикоб шамшери пўлодӣ сар аз тани ў ҷудо кард.
Тани бесар хуни ҷўшидаи ўро пошида, кашола буд ба дунболи асб.
Ошўб бархост. Чун забонаи оташ фаро гирифт Ортакбонро.
Мардум рехтанд ба кўчаҳо. Чиҳил савори румӣ ва сарбозони пиёдаи эллинӣ ҷойи гурез надоштанд. Ҳама ба по хеста буд. На аз набарди Сотибарзану Анаксипп, балки аз бедодии дастаи ёрирасон, ки Искандар фиристода буд ва онон ба ҷойи рабту низом талаву тороҷро пеша карданд чун одат. Вале ду савори мақдунӣ ончунон аз миёни ошўбгарон ва дастаи Сотибарзан раҳо гашта, бозпас рў ба ҷониби қароргоҳи Искандар гурехт, ки касе аз саворони ориёйӣ расонида натавонист.


Омад-омади Искандар овоза шуд.
Сатрапи Ориё Сотибарзан бо ду ҳазор сарбоз рў овард ҷониби Бесуси Бохтарӣ.
Халқон бесардор монданд ва чӣ кор карданро надонистанд.
Эшонро рўшан буд, ки баъди кирдори Сотибарзан шоҳи мақдунӣ Искандари Сонӣ ба ҳеҷ бурҳону далели худфурўзӣ ё худсафедкунӣ бовар нахоҳад кард. Зеро сатрап пойи мубораки шоҳро дирўз бўсид ва имрўз бар зидди ў шўрид.

пешина
аз 411
навбатӣ