Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Шоҳи мақдунӣ яқин донад, ки ҳамагон ҳаммонанди ўстанд. Илоҷи воқеъа пеш аз вуқўъ, гуфта, кўч бастанд ба кўҳ. Ба кўҳи азиму баланд, ки онро кўҳистониён шах ё шух меноманд. Дар бағали ин кўҳи азим ғўту харсангҳои сиёҳу ҷигарӣ ва испурчранг болои ҳам ғелидаву хобида вазнеро ташкил кардаанд, ки ҷуз замин ягон тарозуи офоқ онро набардорад. Шахи яклухти гаронтар аз сангҳои рез аст. Дар чунин як бурҷи шукўҳманди табиӣ сездаҳ ҳазор мардуми ориёйӣ кашу пархош, ғелону хезон часпида боло шуданд. Дар ягон замон ҷони зинда ёд надорад ва ё надида, ки ҷонваре; хазандае, чарандае, паррандае, равандае мисли имрўз чунин часпида; ба ҳазор таҳлука, тарс ва ҳарос ин фарози сахтубури дўзахвор тафсонро синамол баромада бошад. Агар барояд мор, малах ва мўр ба чунин усул хоҳад баромад. Дар чунин гармгоҳ ин тобаи тафсонро пой гузошта баромадан бадтар аз азоби Нор буд. Гоҳо пўсти пойи бараҳна часпида мемонд тобаро. Онҳо аз баҳри ҳама ашёъи дунё баромада, ҷони одамӣ ширин, кўдакон андар бағалу пуштора бо ранҷу шиканҷа аз санг ба санг, баҷонтаре парида, беҷонтаре хазида, дар танггоҳу бузроҳаҳо, завлонаҳо, сари вартаҳо чун мўрон дунболи ҳам раддаву саф мебастанд, то зудтар ғайб зананд аз чашми душман. Вале медонистанд, ки ин шах пешбаста аст, гузаргоҳе надорад ба марзҳои дигар. Зеро ба сохти як намуди замбўруғ (телпаки мор) бувад. Ҷо-ҷо хитта-хитта хокзамин низ дорад, ки алафҳои баҳорон руста зуд хазон гашта оромгоҳи морони заҳрнок мешаванд. Ва ҳолиё пеш-пеш он морон аз ҳайати одамӣ тарсида ё зери харсангҳо ё резҳо мегарданд ва ё ба танаи шах боло хазида тарсу ҳароси кўчиёнро садчанд мекунанд. Одамон чору ночор пеш мераванд, ки дигар роҳе нест. Ё аз заҳри мор мемурӣ ё аз захми тиру шамшери душман.
Чун Искандар ба шаҳри Ориё расид, вазъу ҳолро дида ҳайрон шуд. Ҷуз пирони барҷомонда касе набуд. Гўйӣ паррандагон тирамоҳон ба кишварҳои гарм парвоз кардаанд, лонаҳои шохсорон холӣ. Манзараи ҳузновар. Бунаҳои гилӣ, саройҳо, бомгўшаҳои найпўш, тавораву чапардарҳо, дарвағнаҳо, бору буна ва молҳо буданд; ва дар ҳар бунае пирмарде, пиразане буд ё набуд. Аммо ин ҳама ба муроди Искандар набуд. Зеро сипоҳи ў ба сарҳади Ориё (Ҳирот) нарасида аз он ҷониб ғуборе бархост бар осмон ва ду савор аз зери чанг чаҳорнаъл пайдо омада, якрост назди Искандар рафтанӣ буданд, ки боздоштанд роҳбонҳо ва чун шинохтанд, бурданд назди Искандар. Онҳо баробар, хеле чолок аз асбҳо пиёда гашта арза доштанд:
— Равшан бод шоҳ Искандарро! Сатрапи Ориё Сотибарзан шўриду шўронд зидди мо мардуми Ориёро. Анаксиппро бикушт...
Пайк ахбор тамом накарда, шўрид Искандар ба он ду тан, ки ҳама гуноҳи эшон бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ