Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Шумо чӣ кор кардед?
— Мо кам будем, аконтистҳоро низ бикуштанд.
Девона гашт Искандар. Шўрид сахттар. Афзори ҷангӣ напўшида, фарёд зад пурғазаб:
— Ба сўйи Ориё!!!
Ва ҳамон замон дастаи саворони сипаҳсолор Кратер, фавҷи
12 Кени гиппарх, гурўҳи таксиарх Аминта, ғўлакандозҳо, шамшерзанҳо ва найзаваронро, ки сўйи Бохтар бурданӣ буд, ҷониби Ориё гардонд. Шашсад стадий роҳро дар ду шаборўз паймуда, огаҳӣ
3 ёфт, ки сатрапи кишвари ҳамсоя Барзаент низ ба ошўб ҳамроҳ шуда будааст. Чунин ошўбу балвои ногаҳонӣ ҳама нақшаҳои Искандарро барбод дод ва тамоми роҳ дандон ба ҳам фишурда, на бар зин, балки то ин ҷо сари сўзан омад ва шўридаву ошуфта буд, то қатли ом фармояд...
Чун ҳолу аҳвол андар Ортакбон дид, аз нияташ гашт. Бар асари Сотибарзани маккор афтод...
Ба шах расид. Дарёфт, ки сенздаҳ ҳазор ортакбонӣ аз ҷафои ошўби Сотибарзан ва хавфи ҷазои Искандар дар ин шахи баланду касногузар маъво гирифта, худ намедонанд, ки маргро нигаронанд ё наҷотро? Чун Сотибарзан ё Барзаент набуд, Искандар шахи Ҳисорро муҳосира фармуд ва нигаҳбонии онро ба Кратери сипаҳсолор вогузошта, бар асари Сотибарзан ва сипоҳи ў рафт.
Вале Сотибарзанро дарёфт накарда, баргашт.
Кратери сипаҳсолор ҳанўз ҳам шахи Ҳисорро муҳосира мекард. Илоҷе пайдо накарда буданд, то боло бароянд. Искандар низ илоҷе наёфт. Ба шах баромадан осон набуд. Зеро танҳо бо сангғелон онҳо метавонанд сипоҳи ба шах часпидаро нобуд созанд. Пас Искандар фармуд дарахтони доманаи кўҳро бибуранд.
Ҳамчунон карданд. Дар ҳавои гарм дарахтон зуд хушк шуданд.
Оташ заданд бешаро. Хушку тар баробар сўхт. Оташ забона зада, тамоми кўҳро фаро гирифт; хазону хору хас ва гиёҳҳои хушкида равғанин месўхтанд. Ба назар санг месўхт. Ҷонварон мепариданду мехазиданд. Одамон роҳи гурез надоштанд, рўйи санг бирён мешуданд чунон ки моҳӣ андар тоба. Фарёду фиғон гўши сангро кар бикард. Магар забонаи оташ садоҳоро фурў мебурду месўхт, ки касе намешунид.
Искандар чунин тамошои бепулу беназирро, ки дар умраш надида буд, бо завқ тамошо мекард. Давидани оташ чу асби так, алангаву забона задани он, дар фазо бозӣ кардани дуду сўхтаҳои сабук, дар дами тези оташ тоб наоварда чун гирдбод боло шудани

  1. Гиппарх – сардори сипоҳи савор.
  2. Таксиарх – сардори пиёдагон.
  3. Яъне Дрангиён ва Арахозиё.
пешина
аз 411
навбатӣ