Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Гоҳи аз ҷое ба ҷое чарогоҳ пайдо кардан дар пушти зини он як хўрҷин, ду-се шолу кўрпа ва чанд асои чўпонӣ бор мешавад, боқӣ ҳамаро дар пушти дарозгўш бор мебанданд.
Баъд кўҳ ба кўҳ: мол бо адиру кўҳ ва маркабҳо бо пайроҳаҳо манзил тай мекунанд.
Вале ҳоло дар пойи он завлона дидан аламангез бувад. Ягон вақт давраҳои аввали ба мол омаданаш гурехта, чўпонҳоро сарсон карда бошад, ҳанўз ҳам алам дар дилашон монда ишкел мезананд пойи ўро. Аз бисёр ҷаҳидан сари мехи наъл хўрда шуда, наълро во кардааст ва баробари ба пеш ҳамла карда, ба суроғи буттаи алафе пеш рафтан наъли ним банду ним раҳо аз зери сум гурехта паҳлў меравад ва ба сангчаҳо бархўрда садо бароварда, аспро нороҳат мегардонад, ки вай барои ҷо ба ҷо кардани наъл ё зери сум гирифтан ҳамон замон бори дигар хез мекунад. Шояд ин чиз барои одами бегона, ки дарду ранҷи ҷонвари безабонро дарку эҳсос намекунад, аҳамияте надошта бошад. Вале ин ранҷи номаълум Абдуҳамидро бетафриқа намегузорад. Миёни ҳазору як андешаи кўҳнаву нав дарди Самандро дарди худ медонад ў.
Ҳайвони безабон сухан гуфта натавонад ҳам, ин чизҳоро: рафиқиву ҳамсафариро, дўстиву ошноиро аз инсони беимон хубтар мефаҳмад. Агар на, дар ҳар ҷаҳидан як бор сўйи соҳиб наменигарист ва дум афшонда, кишна карда «ҳи-ҳи-ҳи – ҳи-ҳи-ҳи...» намегуфт.
Замонеро ёд меорад ў, рухдоду ҳодисаву воқеаҳоро хотирнишон мекунад, ки агар соҳиб ва ҳамроҳ фаромўш карда бошад, ба ёд орад, чун буду чун шуд?
Ман ҳамин қадар медонам, ки ягон бор дар пойгаҳ ё бузкашӣ Самандро истифода накардаам. Дилам нашуд. Зеро ин моли чунин бесарусомниҳо ва ё набарду тохтутозҳо нест. Ба ароба бастан ҳам ҷабру ҷафо. Вай зеби саворӣ дорад. Ҷонвар хушгашту хушҷилаву хушрўй. Вақти резачорпо рафтанаш мебинӣ, ки аз буҷулак пойҳояш шикаста аз нав пайванд мегарданд. Ҳеҷ чиз чунин хушрафтор нест: на ароба, на трактор, на мошин...
...лекин пир шудааст...
Ҳамин рўз ду-се сайҳа кашид; аз хавф, аз хатар? Намедонам.
Вай ба ман монанд, ман ба вай. Аз ҷиҳати шаклу шамоил не, сохт ҳам не. Чунки вай чорпою ман дупо. Феълу атвор, рафтор ва нармию сабру тоқат ва пурбардориамон монанд. Боз аз он ки гапамонро ба ягон кас фаҳмонда наметавонем, ё гапамонро гўш намедиҳанд; ё гапи мо гап не. Даҳонаш каҷ бошад ҳам, бойбачча гап занад. Дар замони мо бойбачча нею сардор ё вазифадор гап занад. Воқеан монандӣ дорем, лекин инро ҷуз дуямон касе пай намебарад. Чунки онҳо намедонанд, ки дар рўйи замин мо ду тан чунин ҷондор ҳастем: ҷонварро ҳазор сиёсат бикунӣ, тозиёна бизанӣ, пошна кўбӣ, ягон даҳан гап намезанад; ҳатто намегўяд, ки ту бо ман чӣ кор мекунӣ, чӣ мегўйӣ, ин қадар ҷабру ситам аз барои чист?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё