Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ман чӣ гуноҳ кардам? Наход дар пуштораам одам бардошта гаштанам гуноҳ бошад? Наход роҳи дурро кўтоҳ кардан, соҳибро ба манзил расонидан ва баъд барои хизматҳои бедареғи шаборўзӣ як коса ҷав ва бедаи хушк хоидан, хам шуда аз ҷўйборҳо ва обрави пеши дарвозаи соҳиб об хўрдан ва дар ин саҳрои беоб ташналаб гаштан (то замоне, ки чўпон молро ба об бараду ў ҳам ба ин баҳона ташнагиашро шиканад) гуноҳи нобахшиданӣ бошад. Не-не. Аз ин бобу хусус ҳарфе намегўяд.
Ман тахмин мекунам, ки ин ҷонвари безабони пурдон, ки ба ман бисёр монанд: хеле бонангу ор, мемураду шикоят намекунад ва ҳасрат ҳам надорад. Аз ҳамин ҷиҳатҳо ҳар дуямон монандӣ дорем.
Вагарна вай ба як ҳайвони дигар монандӣ дорад: ба малах; ба малахи азим. Лекин бол надорад. Каллааш монанд ба малахи азим.
Баъд чашмонаш, ки дунё – Замину Осмон, Офтобу моҳ, ситораву сайёраҳо, кўҳу дарёҳо, ҳатто одамон, рамаву гала ва касу чизе, ки ў мебинад дар он чашмони малахии барҷаста мегунҷад. Ёли аз тори сар болойи гардан тўл кашидааш ҳам монанд. Фарқ дар он ки ёли заррини Саманд ба тарафи рост хам хўрдааст, малахро тарҳи ёл ҳасту худаш нест. Ҳамин хел сохтааст созандааш: одамон ба ҳайвонҳову ҷонварон ва ҳайвонҳову ҷонварони дигар монандиҳо доранд ба одамон. Агар чунин мисолҳоро ба онҳо гўйӣ, хафа мешаванд, ки ман аз шумо чунин умед надоштам: наход шумо маро ба ҳайвон монанд кунед. Ё агар беадаб бошад, адабчўб гирифта ба саратон хез мекунад: «Маро таҳқир кардӣ, худат ҳайвон! Ба суд медиҳамат!» Саманд дар чунин ҳолатҳо ҳарфро шунаваду маъниашро хубтар аз он кас фаҳмад ҳам, лом намегўяд. Офаридгор ин ҷонваронро баракс меофарид, чӣ мешуд? Намедонам. Масалан:
одамро ҳайвону ҳайвонро одам меофарид, чӣ мешуд? Рафторҳои ҳаминрўза рух медод ё на? Масалан гирем, ки агар Худованд чунон ки ман фикр мекунам ва мехоҳам, ҳайвонро одам ва одамро ҳайвон меофарид, он ҷонварҳо аз он роҳи дур умед кашида ба ин девлоху айлох омада, ба таври худашон як навъ намоиш сохта, Саманду дарозгўшу вафодорҳо ва аҳли рама: серкаву таккаву қўчҳо ва мешҳову қисирчаҳо ва барраву бузу бузғолаҳо ва ҳатто дагарҳои ахтакардаро, ки ҳамаашон аз рўйи пиндор, хаёл, орзу ва гумонҳо бояд одам мебуданд, шоду хуррам мегардониданд?
Намедонам. Онҳо дар ҳамин шакли одамӣ доштанашон ҳам метавонистанд ин ҷонвару ҳайвонҳо ва ҳамбашараҳои худро хурсанд гардонанд. Аммо ин корро накарданд. Зеро дар ҳамон вақту соат хислату хў ва хуни тези ҳайвониашон, ки Худованд кам-кам бошад ҳам ба хуни инсонӣ ҳамроҳ кардааст, ҷўшид. Оне ки ором буда, фурўтан вонамуд мекарданд хешро, хуни инсониашон аз хурўш монда ором гирифтанӣ буд; дар ин рўзгори бесарусомон ва ҳанўз ҳам аз тарафи ягон шоҳу пайғамбар ба низом дароварда нашуда, сахт хаставу хуфта гардида буд.

пешина
аз 378
навбатӣ