Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Шаб фаро расид. Абдуҳамид ҳанўз чизе нахўрдааст. Аз гулўяш об ҳам намегузарад. Ҷуз ғами Саманд чизи дигаре дар сараш намегунҷад. Зеро давраҳои хуби онҳо якҷоя гузаштааст. Ягон ҷондори рўйи Замин Абдуҳамидро чунон хидмате накардааст, ки Саманд кардааст. Курратой буд, аз тухмаи аспони бобойӣ:
модараш Ҷирану падараш Саманди зарринёли бодпо, ки Абдухолиқи падари Абдуҳамид гоҳ-гоҳ барои рафъи хумор ё дафъи бало савор шуда ба маъракаҳои бузкашӣ мерафт, аммо наметохт. Ба човандозҳои девонаавзоъ, ки миёни тўда ҷуз ба сари асп тозиёна задан ҳунари дигаре надоранд, асп намедод. Саъдӣ девонафеъл бошад ҳам, аспро тозиёна назада бо пошнаву маҳмез задан аспро миёни аспҳои зиёд ҷо гиронда дастони дарозашро ёзида бузро аз замин мебардошт. Дар чунин ҳолат Саъдӣ тозиёнаро зери дандон мегирифт, то дасташ банд набошад ва ё бо як даст аз пойи буз дошта бо дасти дигар ҷилав мегардонд. Мардум баробар садо баланд мекарданд ва асп гўш хобонда, сўйи марра метохт. Вале писари ҳамон Самандро Абдуҳамид ба ин тохтҳо раво надид.
Худаш бузургу парво кард...
Ҳоло шиқир-шиқир садое, ки меояд дар ин хомўшӣ, овози наъли дасти чапи аз як мех баромадаи ўст. Наъл гоҳи ҷаҳидани ҷонвар садо мебарорад ва агар ба санг бархўрад, садояш баландтар баромада, дар торикӣ як шарораи паррон меҷаҳад. Аммо ҳамон замон ба ҷойи афтидааш расида-нарасида зарра хомўш мегардад ё нест мешавад. Аз ин рў дар ҷое оташ аланга намезанад.
«Ҳааа, он сўхтаҳоро барфу борон шуста нобуд мекунад. Боз сабза медамад... Вале дуди он дар дилҳо ва бўяш дар димоғ боқӣ мемонад.»
Одатан дар чунин ҳолатҳо, ки аз гулўяш чизе нагузашт, ё ҷурғот меошомид ва дар сари мол айрон. Вале ҳоло ташнаву гушна буданаш ба ёдаш намерасад ва майли чизе надорад. Ҳамсўҳбат ҳам надорад. Шубонон молро ба чаро бурдаанд; дуртар бурдаанд, ки на садои шубон меояд, на баъ-бўъи рама, на аву аки саг ва на овози наю чу-чуву ҳушт-ҳушти онҳо. Шояд имшаб наоянд. Ҳамин хел ҳам мешавад, ки то сер шудани мол чаронида,
1 дар ягон тал ё молхобрав хайма зада ними шаб молро боз ҳай карда мехўронанд ва оҳиста-оҳиста ронда ба девлох меоранд, ки чоштгоҳ мешавад. Бо чунин фикру андешаҳо рафтор ва қиёфаҳои
- Ист карда ё хобида.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё