Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

номатлубу сохтаи меҳмононро аз назар дур карданӣ мешавад, вале чунон ки имрўз нохонда омада буданд, дар ин тирашабон низ рух намудан мехоҳанд.
Чандон тира ҳам нест имшаб. Ситораҳо аз ҳад зиёд; аз оне ки дар кўҳҳои Зарафшон шабҳои ҷустуҷўи геологӣ медиду медонист, зиёдтар, равшантар ва париданашон ҳам бисёр. Ё он вақтҳо чандон эътибор намедодааст ва ё воқеан ҳам имшаб Осмон ғарқи ситораҳост.
Ба гўшаш ё ба ёдаш меояд, ки радиои мошинаш мехонд:

«Ҳар шаб ситорае ба Замин мекананду боз
Ин Осмони ғамзада ғарқи ситораҳост.»

Бисёр мешунид ин байтро дар нимашабон, гоҳе ки мошинсавор сўйи хона мерафт. Аммо мешуниду чун мавҷ гузашта мерафт аз бари гўшаш. Азбар ҳам шуд. Гоҳ-гоҳ нимовоз ба мавриде ё шабро дар назар дошта ва ё ситораро, нимовоз мехонд. Вале чунин ки ҳоло бамаврид мазмунашро дарёфт, ҳеҷ гоҳ андеша накарда буд.
Аз Осмон канда шудани ситораҳоро дида ва оташаш хомўш гашта дар куҷо нобуд шудани онро надониста, гуфтори мардум ба хотираш омад: ҳар ситорае, ки канда мешавад, соҳиби он ситора мемирад. Имшаб чӣ қадар ситораҳо канда шуданд, вале ба назар ситорае аз Осмони ситорабор кам нашуд.
Роҳи Каҳкашон ҳам равшан. Пайи коҳи рехта, тўлкашида ҳам маълум. Парвин пасттар фуромада нур бахшиданист ин Замини тира ва фалакзадаро. Вале ҷамъулҷамъ кори як Офтобро карда наметавонанд.

Гўшдароз бинӣ афшонд. Аз оне ки Абдуҳамид ба фикр фурў рафтааст, ҳамин садо халал расонд. Баъд яке аз он ҷонварҳо сурфид. Ў пайхас накард, ки асп гулў меафшонад ё хар. Шояд хаси хушк гулўи ононро гирифт, ки об нахўрдаанд. Зеро омадани меҳмонон сабаб шуд, ки молро ба об набаранд. «Шояд ин сурфаи пиронаи Саманд бошад. Минбаъд ҳар дарду бало часпидан мегирад. Сурфа ҳам мешавад, акса ҳам мешавад; нолаву шеван ҳам, мўя ҳам. Дард касро чу саг ба иринҷос задан ҳам маҷбур месозад. Аз иштиҳову хўру хоб ҳам мемононад. Ба ҳар гуна андешаву фикру хаёл водор месозад. Пирӣ ҳам аз дардмандӣ камӣ надорад.
Аз қулла он тарафро бисёртар фикр мекунад кас. Зеро як умр зўр зада фарозҳои зонушиканро баромада бошӣ, дар умри боқимонда онро дунбағеҷ ё ғелону лағжон мефаройӣ, ки надониста мемонӣ.
Баъзан ёрӣ медиҳанд ва мадад мекунанд, ки нишебии тезро зудтар фаройӣ. Ҷудо нашавад ва фаромаданат ба гашти дигарон халал расонад, пеши роҳашонро гирӣ ё боздорӣ, тела ҳам медиҳанд.

пешина
аз 378
навбатӣ