Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Вале тела додани онҳо пиронро ба рўйи роҳ намехобонад, то яке даст гирад. Балки ба варта ё ҷаҳаннам меандозад.»
«Ҳӣ-ҳӣ-ҳӣ, ҳӣ-ҳӣ-ҳӣ, ҳӣ-ҳӣ-ҳӣ!»
Ин садои Саманд. Ошно ё чизеро бинад, ҳамин хел нағма мекунад. Ба хусус сайде ё сайёде пеши назараш намояд, ё аз тарс ва ё барои хабардор кардани соҳиб; барои ҳушдор кардан ё тарсонидани пайдогашта чунин нағмаро раво медонад. Чун нағмааш ва огоҳонидани пасташ суде набахшид, баланд сайҳа мекашад хатарнок ва кишна карда сар меафшонад, ки сарафзор ва лигому даҳана дошта бошад, пайванди оҳанакҳои афзор ба ҳам бархўрда, садо мебарорад. Як бор огоҳ карду монд. Дарозгўш ҳам ҳанг назад. Нишонаи хавфу хатар нест. Чунки агар хатаре таҳдид карда буд, ҳатман хар ҳанг мезад.
Абдуҳамиди ғарқи хаёл сўйи мошин нигарист, ки дар сари роҳ монда омада буд. Вале дар шаби пурситора ҳам наметофт, гарчӣ рангаш сафед аст. Лекин як шабаҳ менамояд дар ҷойи мошин гузоштааш.
Сиёҳие, ки миёни қўш ва аспу харро бурида гузашт, ба тахмини ў аспро хўсонд. Ҳамин сиёҳӣ аспро водор сохт, то одамро аз пайдо шудани ў огоҳ гардонад. Ва он сиёҳӣ рост ҷониби қўш меомад.
«Баҳ! Баҳ!»
Садо баровард паст, саг бошад пеш меояд, сайд бошад, мегурезад. Сиёҳӣ андаке истоду таҳаммул кард, пасон пешрў омад.
«Сиёҳ?!»
Ном гирифт килларо, ки вазифааш қўшбонӣ буд ва чӣ шуд, ки қўшро монда гум шуда рафт. Ҳоло чиллаи зимистон надаромадааст; вақти гушнаш нарасида. Шаҳвати муҳаббат зўрӣ кунад, на мол мегўяду на қўш; бо кадом нарсаг ёр гашта, дур аз девлох меравад, то ҳеҷ ҷондоре ба ишқварзии онҳо халал расонида натавонад.
Ҳоло он сиёҳӣ нагурехта, андаке истод гўш сих карда, чорчашма сўйи овоз нигарист. Сонӣ дум ликкондан гирифт, ки базўр дида фарқ мекард Абдуҳамид.
«Мол наздик?»
Шинохта килларо пурсид ў ва Сиёҳ шерак гашта, зуд-зуд дум ҷунбонида пеш омад. Ошнойӣ медод.
«Гушна мондӣ? Хамир ҳам накардаам, ки ба ту диҳам. Каме сабр мекунӣ, Сиёҳ. Наим биёяд, хамир меошурад, ҳамаатон мехўред. Имрўз намедонам чӣ рўз буд, ки иштиҳои ҳамаро баст.
Аз афташ, ситораҳои наҳс дар бурҷи Мизон қирон мекунанд.
Ҷонвар-э, дилам месўзад. Аммо намедонам, ки ордаш дар куҷову обаш дар куҷо, то хамир меошурдам. Сер бошӣ, ба сайд меравӣ, гушна бошӣ, аз дур меҷакиву аз пеш рафтан метарсӣ. Ба рафтору кирдори одамӣ монанд баъзе хислатҳои шумо, ҳайвонҳо. Ман ягон қаҳрамонро намедонам, ки мисли шумо марзашро, ҳудудашро, соҳибашро, амонати гузоштаро, дўсту ҳамроҳу шарикашро ҳимоя карда тавонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё