Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Спитамони ҳамватани мо бо ҳама шуҷоату родмардиву ҷавонмардӣ ва ватанхоҳиву ватанпарастӣ, диёрашро ҳифзу ҳимоя карда натавонист; ҳатто ҷони худашро... Ё дурўғ?
Шояд ба норост хоб кунад ин андеша, зеро ўро куштанд. Дар ҷомаи дўст куштанд иттифоқчиён. Баъд танҳо монда, худашонро саришта карда ва ё аз вартаи ҳалокат раҳонида натавонистанд он каллабурони сари Спитамон. Ҳамин хел. Ба гуфти Рўдакии доно: «Оне, ки туро кушт, кушта шавад.»
Ба номи Худо, ман ин хел умед надоштам аз одам. Ҳарчанд медонистам, ки ҳайвони забондор аст, бошуур аст. Ин бад; ҳар баду некро дониста кардан бадтар. Саг бадкардаро «ав!» гуфта аз банди пояш медораду меравад. Онро то мурдан хоида, хунашро резонда намекушад. Гарчӣ аз зоти гург аст. Вале одамӣ то охир нигарон, ки мурдаи душманро бинад. Агар зўраш ба куштан нарасад, дуъои бад мекунад. Ҳеҷ ки нашуд, ба Худо месупорад, то Ў ҷазояш диҳад. Бо он ҳам ки нашуд, қотилу кушанда киро мекунад, охирин дунёиашро сарф карда ба муроди бадаш расидан мехоҳад. Вале ман намедонам, ки ба кӣ бад кардам...
Як душмании ноаён камин дорад ва маро таҳдид мекунад. Ба назарам аз он сар зад, ки кору бори геологиро тафтиш карданӣ шуданду ҷойи тафтиш мекардагӣ наёфта, ба Хоҷагии ёрирасон рост карданд, ки осонакак гузашта меравад. Як пойи гўсфанду меҳмонон; «даҳони хўрда – шарманда» дар лабашон кулўх молида мераванд. Аммо дар камин душман будааст, ман бехабар. Кирми дарахт аз худи дарахт, сармуҳандиси худамон алам бардоштанӣ.
Гўё ҳамчун роҳбар ба вай гап намерасад. Баъд чӣ хел яку якбора ҳеҷ ҷо кору ҳоле нест, партия ба ин ҳамроҳ шуд? Намефаҳмам.
Охир ман ин ташкилоти Ленину Сталинро муқаддас дониста, аз баҳри Осмону Замин гузашта, узви бебадалаш гаштам. Имрўз маро чунин бозӣ доронад, чӣ дилсўзие мемонад. Дигаргунсозиро аз ман сар мекунад? Не, ба таги ин ташкилот об мондагӣ барин. Ҳамин хел худӣ ба худӣ душман шуда, миёни ҳамаро мешикананд...
Лекин сабр бояд кард. Ҳоло футур нарафтааст чизе. Ҳоло ҳама ҳамақидаҳои Ленину Сталин намурдаанд. Ин кори ҳамон ҷорандозону иғвогарон будагист, ки замоне кадом дилсўзашонро озор дода будаанд. Ё аз ҷойи гармашон ҷунбондаанд. Ин хел касон бисёр. Модарашон аз ин ҷониби кўҳи Қофу падарашон аз паси кўҳи Қоф ё аз худи Албурз. Дар миёни ин оташзаниҳо Арчамайдон месўзад...»
Аз хастагӣ ва ё мондашавии бофтаҳои асаб, ё гуруснагӣ ё худ серун вазидани боди дам гирифта, ўро хоб омад. Чунон ширин, гуворо ва роҳатбахш буд, ки ў надонист чун пўшида шуд сарпўши чашмонаш. Зеро ҳамин лаҳза ҳама чиз аз ёдаш рафта, ба касе мубаддалаш сохта буд, ки чашм аз олам пўшидааст. Зеро ҷон

пешина
аз 378
навбатӣ