Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

доштан, ҳаракати хун, ҷисми солим ва ҳушу ёди қавӣ ва ҳама чиз:
осмону моҳу ситораҳо низ аз ёд рафта буд. Даруни чашмонаш низ чизе боқӣ намонд. Гўшаш ҳам кар шуд. Гўшдароз на бинӣ меафшонад, на ҳанг мезанад. Саги гурусна ҳам хомўш. Саманд сайҳа намекашад ва садои наъли ноҷо шудааш намеояд... Дунё хомўш ва ҳама чиз беҷон. Мазмун, мурдаҳоро чунин метобад олам. Аз ин рў низ хуфтагонро ба шумори мурда медонанд.
Гарчӣ ғанаби муваққатӣ рабудаш, дилбедор аст ва як рўшанӣ андарунаш сайр мекунад ва дар ҳолати надидан ва дарку эҳсос накардани мавҷудот табассуме дар лабонаш дамида, ки гоҳи аз дўст ва ягон кори хуб ва ё зарофатгўии ҳамсўҳбат дар чеҳра ва гирди лабонаш мегардад. Ҳамин рўшанӣ дар чашмонаш низ омад ва оламро чунон равшану зебо дарёфт, ки ҳеҷ надида буд.
...Як садои ошнои ғафстар аз ҳуштак, вале зарбу тақтеаш монанд ба сурўду ниёиши мурғи ҳақ бедораш кард. Чашмаш пўшидаву ҳушу гўшаш бедор, диққат дод, ки воқеан, садои ҳақгўяк ҳаст ё овози шуми чуғзи вайронахоҳ. «Чу...Чу...Чу!!!» Чуғз се бор дар сари дарахти хонадони баргаштабахт изтиробомез, пуртаҳлука ва гўшхарош «чу!» мегўяду меравад. Аз пасаш занҳои таҷрибаандўхта дуо мекунанд: «Ба худат занад нияти бадат! Кишк! Кишке, баддаҳон! Рав ба вайронаҳо!»
Вале такрор ёфт «Чу-чу!» ва Абдуҳамид дарёфт, ки садои шиноси писари худаш аст. Дилаш аз ҳаяҷон ва шиддати фикр сахтсахт заду ором гашт ва танаш арақ баровард. Бо вуҷуди он пинаки ширин он қадар сабукрўҳ гардонида, ки дар ин рўзҳои наздик ин қадар фароғат накарда буд. Нафасгириаш ҳам сабук, аъзои танаш ҳам. Акнун дарёфт, ки такя бар қўшу палтар зада будааст, ки дар ягон бистари нарму гарм чунин роҳат надидааст. Гўё нав ба дунё омад ва ҳоло ҳеҷ гуна пастиву баландии ҷаҳонро намедонад. Ана ҳамин, ана ҳамин мероси аз Одам монда – чўпонӣ.
Инак садое монанд ба шалфаи пасти об меояд, вале шалфаи об нест, зеро садои обро бод пасту баланд меорад, ба гўш мерасад, ки бод он тараф мегардонаду ин тараф меорад. Ин овоз Абдуҳамидро ошно; баъзан онро ба фаш-фаши мори афъии аз ягон чиз хавф бурда монанд мекунад. Лекин ин овози рама бувад, ки заминро лесида, баробар нафас бароварда ва суми мол заминро соида ва ҳама якҷоя шуда ҳамин хел як овози пасти оби аз дара ҷоришавандаро мемонад. Моли шабгард ин садоро то сари қўш овард ва дар хамии молхобрав ором гирифт, ки садо ҳам хомўш гашт. Баъд рама ором гирифту садои қўшқорҳои маст тамоми шаб оромиро халалгор шуд.
Абдуҳамид аз ҷойи нишасташ наҷунбида, то чўпонҳо гирди молро гашта, давра кардани рама каҷпаҳлў зада қарору ором меистод ва баъди сагҳо наздик омада, ўро дида, бўй гирифта, дум ликконда, ошнойӣ дода рафтан, ноҷунбон истод ва гоҳи кори рамаро сомон гардонида омадани чўпонҳо аз ҷой шуд ба пой ва як хамёза кашида, ба худ омад.

пешина
аз 378
навбатӣ