Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Кучукча ба қўш наздик омада, калонгарона ғур-ғур кард. Ва баъд марди қоматросткардаро ноошно дарёфта ду-се ҷик-ҷик кард. Аммо сагони дигар ба ҷикидани ў эътибор надоданд.
Чўпонҳо омаданд ва баъди салому алейк аз пайи оташ афрўхтан ва чой ҷўшонидан шуданд. Аммо чўпони асосӣ – Ғафур сагонро хамир ошурд. Аз орде, ки ба ном «оши саг» аст, як корсон хамир кард ва зувола-зувола канда, пеши сагон андохт, то чун ҳамеша насибаи худашонро хўранд. Аммо имрўз қирони наҳс буданаш дуруст будааст, ки сагони рўзона аз рафтори меҳмонон олуғда гашта, ҳаққи якдигарро насибаи хеш дониста ба ҳамдигар дарафтиданд; хамирро монда, якдигарро хўрданӣ шуданд. Дарафтиданд ба ҳам, ки боре нашуда буд. На килла мегуфтанду на кучукча, ба кӣ даҳанашон расид, газида ва бо ҷаҳлу ғазаб афшонда, дур меандохтанд ва боз аз алам пахш карда, камзўрро зўр мехоид.
Ҳатто майдаякро. Аммо килла ба ҳимояи майдаяк таги пойи нарсагҳо ғалида, дандон гиз мекард, то онҳо газидаву хоида натавонанд. Хамирҳо зери пойҳояшон монда ба хоку хас ва рег омехта гаша буд. «Тур-туру баҳ-баҳ»-и чўпонон ва бо асову лаби домонҳо таҳдид кардани соҳибон оташи онҳоро хомўш карда наметавонист.
Ин ҳодиса чӣ таъвил ё хосияте дошту надошт ва ё аз кадом рухдоде дарак мекард, рўшан набуд, аммо рамаро хўсонд ва ҳўрконд. Рамаи аз нисф зиёд аллакай вазн ба замин андохта, ба кавшаву кафшер оғозида то ба шабчаро рафтан бояд дам мегирифт. Аммо ин балойи ҳеҷ замон рух надода, болойи мурда – сад чўб, чўпонони хастаро хастатар гардонд ва Абдуҳамиди ба танг омадаро дилтангтар кард.
Ба ростӣ, ў баъди пинак хешро дигаргуна эҳсос мекард ва хулоса карда буд: «Бар сари фарзанди одам ҳар чӣ ояд, бигзарад.» Гўё аллакай рухдоди имрўзаро гузашта пиндошта буд. Валек ин воқеаи табиӣ хотирашро парешон кард. «Бало ҷуфт-ҷуфт меояд».
— Нафс чизи бад...
Ин сухан аз забони Абдуҳамид замоне баромад, ки аллакай ҳама корҳоро сомон карда, гирди дастархони чўпонӣ нишаста буданд. Ба назар ҳама рўйдодҳо ва моҷароҳо фаромўш гашта ҳамин ҷанги сагони як умр паҳлўи ҳам гашта, дар тамоми набарду ҳамлаву ҳуҷумҳо бо ҳам буда, баробар рамаву шубонҳоро якҷоя посбонӣ карда, дар як лаҳза нафси шумро идора карда натавониста моҷаро ба миён оварданд. Хулосаи ногаҳонӣ ва пандомезу ҳушдор сохтани падар ҳам чунин буд, ки ҳама моҷароҳо ва балоҳои заминиву осмониро ҳамин чиз ангез медиҳад, сонӣ хидматгорон бо хидмати хирсонаашон домон мезананд оташи нав чуғ гирифтаро; дасисабозон, ғаммозон ва ширинкорони ҳангомахоҳ қатра-қатра равған илова мекунанд.

пешина
аз 378
навбатӣ