Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Оқибати он ба аҷал мубаддал мегардад.
— Ман нафаҳмидам, ки ин чӣ буд? – ё барои масъаларо равшан кардан ва шишаи хомўширо шикастан фармуд Найим.
— Чиро? – пурси чўпони аввал буд.
— Омада ин қадар моҷаро сохта, каттагӣ карда папирос кашида, ҳама ҷоро оташ зада, рафтани намояндаро.
— Кирдори кучукҳоро фаҳмида бошӣ, ҳарду як чиз аст. – Фаҳмонданӣ ва аз онҳо маънӣ кашиданӣ шуд Абдуҳамид. – Агар не, Олам сўзад ва рўйи Заминро оби Азов гирад, як нафари онҳо ин ҷо намеояд. Ман ба он ҷўгии шумқадам ҳайрон. Чӣ кор дошт, нафаҳмидам.
— Вай оҳиста ба ман гуфт, додо: «Як даҳ нафар гўспанди маро ҳам бонӣ карда медиҳед».
— Ҳамин хел гуфт?
— Айнан гуфтам, додо.
— Вай, ҷўгӣ, бало. Гумонат, ки даҳ сар гўсфандро харида оварда ба рама ҳамроҳ мекунад? Неее. Гуфтагеш, ки «ман ҳам дар ин мол даҳ сар гўсфанд ҳақ дорам». Ун ҳамин хел одам. Яъне корҳои мо хуб шавад, ба хосту дахолати ў мешавад. Аз ҳар малах як линг бояд гирад. Барои ҳамин орому хомўш буд. Албатта дар роҳ Нозим Тайибро ба ягон чойхона дароварда сарашро гаранг мекунад ва пўстинро чаппа пўшида, корро расво карданаш ҳам аз эҳтимол дур нест. Як махлуқи аз партовгоҳ рўйида.
— Лошахўр, гўеду монед. – Фармуд Ғафур.
— Бадтар. Лошахўр – ҷонвари безарар, вале бадният. Пасмондаро мехўрад. Ҳамон пўстҷамъкунакҳо барин. Молро қассоб мекушаду пўстро хориҷиҳо мекашонанд. Безарар. Аммо ин қассобҳои теғаккорд молро сар бурида натавониста, ҳаром мекунанд.
– Ба чунин сухан кардани ў ҳайрон буданд. – Лекин як чиз ҳаст:
Партияи Коммунистӣ – зинда. Ба он умед бастан мумкин. Дигар ҳамааш бекор.
— Ким-дия...
— Инту нагў, баччем...
— Охир аз телевизор дидед-ку! Ҳама он ҳайкалафтониву билетсўзӣ чӣ маънӣ дорад?
— Вай кори касони беандеша. Онҳо чуғз барин вайрона мехоҳанд. Вагарна, аз ману шумо ҳамонҳо пештар зўр зада аз сафи партия ҷой гирифта буданд. Имрўз, ки ҳама дарвозаҳо воз шуда, аз он дарвоза даромаданро касе манъ намекунад, аз паҳлўи он дарвоза як даричаи дигар сохта «мана аз ин дарбачча дароед»
мегўянд... Ҳамин рўз ба чашматон дидед: онҳо бо дигар ният омада буданд: яъне мо – Ғафуру Наиму ман ҳама гўсфандонро фурўхта ё кушта хўрдем; моли Хоҷагии геологиро нобуд кардем. Яъне, хиёнат, ки партияи ба кас боваркарда ин гуноҳро намебахшад.

пешина
аз 378
навбатӣ