Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Ин чизро онҳо хуб медонанд. Чун омада диданд, ки ҳама чиз баракс, тири Оғлӣ хок хўрд. То қариби бегоҳ нашишта, сигарет кашида, ҳама ҷоро оташ заданаш ҳам ба ҳамин маънӣ буд, ки дастаке пайдо кунад ва дасти холӣ барнагардад. Ба хаёлу хости ў ман бояд ҷангҷол мехезондам... шукр, ки нашуд. Лошахўрон ҳам ноумед баргаштанд. Вале хомўшиашон бебало нест.
— Зиёдомад ҳам гуноҳ ҳисоб мешавад?
— Усул дар дасти нағорачӣ. Ба кадом зарбу мақоме, ки занад, раққоса ба ҳамон тараф майл мекунад.
Абдуҳамид худ ба худ андешид, ки забонаи оташ тоб хўрдану майл кардани раққосаро мемонад. Бод бозӣ медорад онро.
Шўълаи оташ ҳар киву ҳар чӣ рўёрў буд, равшан мекард ва қиёфаву ваҷоҳати ҳар кадомро хуб дидан имкон дошт. Вале ҳамин ки шўъла паст гашт, чеҳраҳо низ камнур ва хира метофтанд. Аммо офтобаи сиёҳи миёни гулхан гузошта ҳар қадар оташ аланга гирад ҳам, боз сиёҳи сиёҳ менамуд. Ҳамин ки об балақ-балақ ҷўшида аз даҳону бинии офтоба ба рўйи оташ пош хўрд, оташ хомўш гашта як дуди сиёҳ ба ранги шаб омехт. Ғафур як каф чойи хушк андохта боз офтобаро рўйи лахча гузошт. Пасон гардон-гардон карда лиҳоби чойро баровард, дар пиёла чой рехта ба падар дароз карду дар дўлчаҳо барои худашу Наим. Гўё ғунуданд баъди дастархони чўпониро ғундоштан. Аммо дар чашми касе хоб набуд. Ҳар кас ба таври хеш меандешид: ба таври хеш мепурсиду посух ҳам мегуфт. Лек садо баланд намекард, ки хоби ҳамроҳро халалгор нашавад.
Падари бузург баъди телевизору пайкарашиканиву билети партия супурдану сўхтанҳоро гуфтан сахт парешон шуд: «Молро мегирифтагист, билети партиявиашро кашида мегирифтагист, ки беаҳду вафо баромадӣ! Носипосӣ кардӣ. Лекин ҷонро намеситонидагист. Албатта шармандагист барои узви чунин як партияи бузург. Аммо аз пашша фил сохта, думи сагат каҷ гуфта, санги гарони осиёи аз кор мондаро бар чунин узвҳо бор кардан ҳам аз рўйи адолат ва хости партия нест. Аз рўз ҳам равшан ҳамаро, ки тўҳмат – азим. Лекин аз ин дурагаҳо ҳама чизро чашм доштан мумкин».
«Чӣ мешавад акнун?»
Ҳамин пурси Ғафур буд, аммо касе онро нашунид. Ў гумонаш пурсид ҳамин чизро аз падар ва хеле нигарон монд, ки раис ҷавоб хоҳад гуфт. Зеро ў чунин одат дошт: як чизро пурсӣ, дер нигарон меистад. Ба назар аз куҷое садо меояд; ба чунин пурс посух мегўяд ва Абдуҳамид он ҳарфро шунида, ҷавоби пурси касро медиҳад. Аммо ин дам, муддати зиёд гузашту ў чизе нагуфт.
Ва Ғафур пиндошт, ки раис ҳама алам аз чўпон ситониданист, ки моли аз саршумор зиёдро саришта карда натавонистӣ. Ва ба ҷавоб омода ҳам шуд: «Касе ба ман нарасонд-дия.» Аммо чунин ҷавоб гуфтан лозим нашуд ўро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё