Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чунки Абдуҳамид гирифтори андешаҳои хеш, аз фикраш ҳам нагузашта, ки чўпонро чунин коҳиш диҳад. Ў оҳиста бархост ва асои ғурмдорро гирифта, ба сари моли хуфта рафт, ки аллакай баъзе гўсфандон ба шабчаро омода гашта буданд. Сагон ҳам омаданд. Қўчҳо баъзе мешҳои нарталабро ором нагузошта метохтанд.
«Чӣ шуданаш рўшан нест» гўё ба пурси пештар хаёлан гуфтааш инак посух ҳам пайдо кард Ғафур.
Найим ҳам омад. Молро ба пайи шаб гаштааш на, балки ба дигар ҷониб шабчаро бурданд.

ДАФТАРИ ДУВВУМ

Идораи кумитаи партиявии шаҳр дар баландие маъво гирифтааст. Дар рў ба рў – он сўйи рўди Зарафшон охири силсилакўҳҳои Туркистон метобад. Давоми он чун думи аждари хуфтаи афсонавӣ борик гашта то тарафи Самарқанд меравад.
Ин аждари азими ноҷунбон думи худро аз Хурмӣ гузаронида дар наздикиҳои Самарқанд ҳамвор гардонида, бо замини ин водӣ яксон мешавад. Вале Зарафшон дар тўли ҷоришавиаш ба наҳру дарбанду ҷўйборҳо тақсим мегардад; баракси он шохобҳое, ки аз дараву минтақаҳо ҷўй-ҷўй фаро омада Зарафшони азимро месозанд. Аз тирезаҳои ин бинои дар он замон хеле муқаддас ва умедгоҳи баъзе касон ба сўйи Ғарибаку Хурмӣ нигарӣ, кўҳҳои сўхтаро мебинӣ, ки Худованд гоҳи хок, тухми алаву гиёҳ пошидан мушт сахттар дошта, раги саховати дасти тараш кашидааст; ҷуз сангҳои сиёҳ чизе ба назар намерасад. Аммо навбаҳорон аз хосияти нури офтоб ин сангзор пештар аз замини хока гарм шуда, ҳатто сангҳо ҳам муддате ушна баста, аз хок гиёҳ руста чанд рўз сабзу хуррам метобад; замоне ки кўҳҳои соярўйи Зарафшон барфпўш бошад. Думи ин аждари нохезон ҳам сабз тофта, рафта-рафта тира ва мисиву сурх мегардад аз сўхтан. Ҳамин ки дида ҷониби хеш мекашӣ, паҳнобҳо ва бешаи анбўҳ ба чашм мерасад. То фасли хазон сарсабз буда, тирамоҳ баргони ангату зарбеду хингбед ҳам ранги заъфаронӣ мегиранд. Аммо зардолузор, токзор ва дарахтони чаҳормағзу чинори рустои Шингаку Ғарибаку Саройкамар ва Хурмӣ барг заррин мегардонанд; лоларанг, ҳолмунӣ, минўйӣ метобанд. Кас аз баландиҳои шаҳри Панҷакат тамошо карда сурати бисёр ва навор бардорам мегўяд. Аз думи аждар то Офтобнамо кўҳҳо сиёҳтар гашта зина-зина баланд мешаванд, ки дами тулўъро мегиранд. Миёни қаторкўҳҳои Зарафшону Туркистон як новаи танге пайдо мегардад, ки об барои хеш роҳ сохта, одамон аз рафту ои зиёд қад-қади рўд пайроҳа сохтаанд ва ним аср пештар мошинроҳа ҳам канда, вартаву тангроҳаҳо ва бораҳои сагкушу харкушро ба барфу борон додаанд.

пешина
аз 378
навбатӣ