Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Ҷанубтари ҳамин бинои умедгоҳ дар радифи шаҳри қадимаи Панҷакат ё Қайнар – дар хатти Куҳандиз бинои чандошёнаи дигари замонавӣ сохтаанд, ки идораи геологҳо меноманд. Миёни ин ду ошёни баланд Умедгоҳ ва Геологро фурўдгоҳи тайёраҳо ва чархболҳо мебурад ва барои аз як идора ба идораи дигар рафтан хеле гирдгардон ва саргардон шудан лозим меояд. Ин ҳама манзараҳои зебо гоҳе ки тайёра танҳо дар рўзҳои офтобӣ ва бебоду бориш рўйи рўд, бешазор, тори деҳаи Ғарибаку охирин теппаҳои хокии онро дар фазо давр гашта фўки худро ба роҳи баракси фурўдгоҳҳои Ҷаҳон аз самти шимол ба самти Ҷануб сохта, рост мекунад, ҳама ҷойи ин шаҳри тозакуҳанро аз назар гузаронидан имкон дорад. Кўлу боғи Камоли Хуҷандӣ ҳам хеле дилкаш метобад дар канори рўди Зарафшон. Вале болотари шаҳр – аз фурўдгоҳ болотар вайронаҳои шаҳри қадима рангзард ва кўҳна метобанд. Дар маркази шаҳр як қасри бошукўҳе бунёд гашта, мармари деворҳояшро нав рўкаш мекунанд. Вале ба он кӣ медарояду кӣ менишинад, маълум нест. Ба ҳар ҳол ҷўши коре, ки дар ин коху кўшк ҳаст, дар бинои кўҳнаи партиявӣ ё бинои кумитаи иҷроияи шаҳр нест. Касе ба он эътибор намедиҳад ва тармиму шикасту рехташро назорат намекунад, ки фардо ё пасфардо ба он дижи сафеди мармарӣ мегузаранд. Киро насиб мекарда бошад? Ё умед доранд, ки баъди панҷ ҳазору панҷсад ва ё шаш ҳазор сол донишмандони мамолики ғайр пойафзорҳои такбандаш як ваҷабӣ дар пой кашида, борхалтаи гаронвазн бар дўш умед кашида меоянд, ки устухонҳои кадомеро аз зерхонаи ин бинои таърихии ба хок яксон, дар қатори дарза-дарза пулҳои сарфнашуда ва тангаҳои аз чашми партия ва касони масъул пинҳондошта, хиштҳои сиккаи Таррордошта, ки сурати кадом барлосро бар он насб кардаанд, ки аз дасти чатишҳо меқапад ва харитаву нақшаву барномаҳое, ки то миллион солҳо мерасад, пайдо карда, ҳамон вақт баҳо хоҳанд дод, ки ин шаҳр чӣ шаҳре буд ва онро кӣ идора мекард... Оби дари хона – хира; ҳоло касе ба он баҳои дуруст дода наметавонад. Сарвар то дар сари вазифа буданаш нағз, чун аз курсӣ парид, «душман буд» мегўянд. Ҳоло дар гармии кор баҳо додан ба кадрҳои беназири Партия, ки бо дасти адаб оварда ба курсии ифтихор нишондаанд, имкон надорад. Зеро касе намедонад, ки дар сару дилу нияти сарвар чӣ ҳаст ва мағзи ў аз чӣ халал дидааст. Лекин бо кӣ бо кадом забон сухан мегўяд ва ҳамкоса аст, ҳама медонанд. Номаш бас сарварро.
Дастнорас бошад ҳам, бо касе ҳамнишинӣ накунад ҳам, бо авом ҳамнишинӣ накунад ҳам, бо маслиҳати даллаву ғаммозҳо рафтор кунад ҳам, зинда бошад сарвар.
Роҳи асосӣ ё шоҳроҳи зиндагии мардуми ин мавзеъ аз ҷониби Мароқанд меояд. Бо ин роҳҳо кӣ омаду чиҳо кард бо хоки муқаддаси ин ҷо, бо мардуми ватанхоҳи ин ҷо, ҳамааш таърих шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ