Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Инак то таърихи навини ин мулкро менависанд, ки Панҷакат шаҳри қадимтар мегардад; ҳақиқатро монда, аз зери хок устухони сари Лоиқро бароварда гап мегиранд, ки чӣ гуна буд. Чунки Рўдакӣ як бор ҳамаро гуфт ва хеле пир шуд. Оҷиз, долсурат, гунгу кар аст.
Танҳо сурўдаҳояшро ҳанўз ҳам бод гўш ба гўш мебарад.
Сари бо дасти ҳамсояҳо буридаи Спитамонро аз хазинаи холӣ ва вомдори Мақдуниё, ки ҳанўз ҳам аз кўлвори Искандар бурун наомадааст, бо миллиардҳо доллар харида (агар ҳиммат кунанд), дар баландии баланд (ба назари ман дар тори сари шахи Гаҳвора) мегузоранд; каллаи ҳанўз ҳам хунолуди Деваштичро аз кадом мағоки Бағдод кадом ҳоҷӣ тасодуфан пайдо карда ба бидони асали бурдааш адошуда андохта меорад ва рў ба рўйи ҳайкали баланди Спитамон, дар сари арматури баландиаш то осмон устувор мекунанд. (Агар ҳоҷӣ он сарро ба нархи арзон диҳад). Устухонҳои Муқаннаъи дар иксир маҳлул гаштаро дар як халтача андохта дар даҳони ғори Моҳтобӣ (аз моҳи сохтаи Муқаннаъ он ғор ҳанўз равшан аст.) меовезанд. (Хайр, ҳайкали Рўдакиву Лойиқ барҷост.) Ҷасади хунолуди Туғралро пайдо карда (чӣ хеле, ки ҳаст) дар сероҳаи Панҷакату Масчоҳу Душанбе мегузоранд. Пасон аз пайи таърихи ин беҷонҳо мешаванд, ки ин ҷо чӣ ҷое буд ва инҳо киҳо буданд. Умри Олам мебод, ки кас ин корро ба сомон расонад. Лекин бояд шавад ҳамин кор. Мо ин корро кунем-накунем, хориҷиён ҳавасманданд ба ин чиз. Зеро онҳо аз ибтидо ҳавасманданд ба ин водӣ. Боре пеш аз инқилоби Октябр онҳо ба тақсимот ва хариду фурўши ин кўҳҳои баланд ҳавас карда буданд. Инқилоб халал расонд. Боз туризм зиёд хоҳад шуд, зеро водии Зарафшон ҷойҳои дидании зиёд дорад.
Ҳа, узр... Аз сўйи Самарқанд меомад ҳама чизу ҳама бало...
Ҳатто бўйи ҷангу хабари лашкар.
Тайёра ҳам, чархбол ҳам, мошин ҳам...
«Волга»-и сафед аз ҷониби Самарқанд роҳи мумфарши ҳамворро чунон меомад, ки моҳӣ дар об. Чун ба сарҳади шаҳр ворид гашт, лавҳи сари роҳи ҷониби ростро хонд: «Заводи мармар». Гувоҳи шаҳри саноъатӣ будани Панҷакат. Пас аз милён сол, албатта, аз зери хок мармари арридаву бурида хоҳад баромад, ки аломати дар ин аср ба авҷи кибриё расидани мардуми техникадони водиро шаҳодат медиҳад. Сонӣ фабрикаи «Тамоку» пеш меояд; аломати бо ин филбарг сару кор доштани одамон. Дар ҳамин радиф «Шарбат» во мехўрад. Маълум мегардад, ки мардуми ин водӣ боғдор, токпарвар ва мевадўст будаанд, ки барои аз меваҳои хушлаззат шарбат кашидан дастгоҳ сохтаанд. Ва боз чизҳои дигар, ки панҷакатиҳо бо он имрўзу фардо фахр хоҳанд кард.
Чунон, ки Олам бо бойигариҳои Куҳандиз ҳоло ифтихор дорад.
Гирдмайдони назди истгоҳи Самарқандро рост нагузашта «Волга»
ба дасти рост гашта, ба маҳаллаи Геологҳо равад, Абдуҳамидро ба идораи имрўзҳо пурташвише мебарад, ки ўро ё нигаронанд ва ё омаданашро намехоҳанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ