Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Худи ў ҳам намехоҳад, ки Нозим-Ўғлӣ ва дигаронро бинад. Зеро баробари рў ба рў омадан аз нуқсони кор сухан оғозида, дониставу надониста ҳар чиз мегўянд, табъаш хира мегардад.
Аз ин рў мошини рамузфаҳми ў, чун Саманд, ба ҷое тоб нахўрда, бо роҳе мерафт, ки дар ҳамин канори рост биное пеш меояд, ки сап-сафед ранг кардаанд ва дар фарқаш дирафши сурхи ситорадор парафшонӣ мекунад. Умедгоҳи беваю бечораҳост, гарчӣ ҳамаи умедворон узви ин ташкилоти бообрўй нестанд. Чаҳорчархаи ҷондору муҳаррик дар назди ин бино ҳам қарор нагирифта, пеш рафт, ки дижи сафеди мармарӣ бунёд мешуд; ниҳоят мўҳташам, ки на аҳди Спитамон дошт ва на замони Деваштич. Ана дар ҳамин ҷо, дар шафати манораи соатдор қарор истод, вале ронандааш ба зудӣ аз даруни он набаромад.
Имрўз шаҳрдорон ва мардуми авом ба чунин бозёфтҳо чандон аҳамият ё эътибор намедиҳанд. Баъди милён солҳо, ки аз бозёфту кашфи чунин дастовардҳо олимон ба ваҷд омада ҷилд-ҷилд менависанду соҳиби унвонҳои баланд мегарданд ва донишҷўёни донишгоҳҳои бешумор ин китобҳоро чун китоби рўйи мизӣ мехонанд ва ҳама медонад, ки мо дар гузашта кӣ будаем, даҳонашон воз монда, ҳайрон мешаванд: «Дареғ, ин ҳамаро мо ҳам медонистем, аммо ақламон надавид, ки ин чизҳоро ба оламиён муаррифӣ кунем. Ё «просто» нахостем. Зеро мо бо дигар корҳо машғул будем: аз паси якдигар мепойидем, камбудӣ ғун мекардем, обро лой мегардонидем, ба таги пойи якдигар об мемондем... э-э-ээ, он қадар ба якдигар кинаву ҳасуду бахилӣ доштем, ки ҳамаашро чун нафас сар диҳем, ин водии азиму фарох намебурд. Шумо, ки бисёр дур ҳастед, баъди милёнсола роҳро паймудан бо шумо дучор омадем, ҳамаро рўйирост мегўем. Ин ҷангу ҷидолҳо, кушторҳо, сўхторҳо, рабуданҳо ва ба Яғноб (яғмо) бурданҳо дар пеши бадкориву зишткориву нотавонбинӣ – як пул. Худоро росту шуморо дурўғ, ҳар чӣ нашудем, аз дасти якдигар нашудем. Агар шумо аз ягон дафтар пайдо карда бошед, дар он солҳо як аниқдод машҳур шуда буд: Комиссия маҳбасро хабар мегирад. Ҷое мераванд, ки як маҳбусу сад дидбон. Комиссия мепурсад. «Ин маҳбус кист?»
мегўянд: «Яҳудӣ». Боз мераванд. Дар маҳбаси дигар сад маҳбусу як дидбон. Мепурсанд: «Ин кист?» Посух медиҳанд: «Рус». Ҷойи дигар мераванд. Сад маҳбусу дидбоне надорад. Мепурсанд: «Инҳо кистанд?» Мегўянд: «Тоҷиконанд». «Чаро дидбон надоранд?» Ҷавоб мегўянд: «Ба инҳо дидбон лозим нест. Яке гурехтанӣ шавад, дигаре аз пояш мекашад.»
Абдуҳамид баромад аз даруни «Волга»-и сафед. Ба ҳар сў нигарист. Ба раҳгузарон ҳам, ки аллакай аз кирдори Чарогоҳ бохабар шудаанд ва ҳар кас бо шубҳа ба ў менигарад. Лекин чун дурусттар нигарист, андешааш дигар шуд, ки касе дар бораи кирдори эшон чизе намедонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ