Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳатто шиносҳо ё кормандони партиявию геологӣ чизе намегўянд аз он хусус. Баъд хешро озод ва бегуноҳ пиндошт. Аммо шаҳр ба назараш бегона тофт. Зеро ў ба он ҷойҳое, ки ҳар гоҳ мерафт ва баъзе идораҳоро хабар мегирифт, надаромада рост ба ин майдон омад, ки ояндаи мардум ба ин қасри сафед вобаста мегашта бошад. Шояд ҳамин диж, ки ҳоло пурра сохта нашудааст ва шикасту рехти зиёд дорад, ҳама чизро бегона нишон диҳад. Чунки дар фарқи сари он ливои сурхи ситорадор нест, досу болғаи рамзӣ ҳам нест; як чордевори афсонавӣ боло шудааст, ки барои пасовандон чӣ қиссаҳо медода бошад? Қиссаҳои Куҳандизи болойи Қайнар, чанд кўшку кохи партиявӣ, ки ҳар вақт ҷояшон дигар мешавад ва қасри солҳои охир қиссаҳо доранд ва мардум дар ҳаққи кормандонаш бофтаанд. Аммо аз қасри нотамом, нимсохту нимбуд чӣ афсонаҳое пеш меомада бошад?
Ба ростӣ, Абдуҳамид аз мошин фуромаду мақсадаш равшан нест. Нақша ҳам надорад. Куҷо рафтанро намедонад. Зеро ҳеҷ чиз маълум нест ва куҷо даромадан ва назди кӣ рафтан муайян нашудааст. Аз пода пештар чанг кардан ҳам намехоҳад. Зеро назди касе даромада маслиҳат пурсад ё мадад ва ё барои ба ин корҳо равшанӣ андохтан, ҳатман дигаргуна мефаҳманд ва зуд телефонбозӣ сар мешавад, ки ба сари фулонӣ бало бол афшонидааст. Мардак дар ҳолати «коса куҷо монам» чӣ кор карданашро намедонад.
Вале ў як навъ бепарво ва аз чизе дилпур метобад, ки ба касе рў овардан нахоҳад: «Гуноҳам бошад, ҷеғ зада, мегўянд. Вале гуноҳ накарда, чун мурғи посўхта лаби об тохтан маъние надорад. Аз касе домангир ҳам набояд буд. Лекин солҳои охир, ё шояд тамоми замонҳо чунин бошад, гунаҳдору бегунаҳ як хел ҷазо мебинанд.
Раъйи қозӣ чӣ гуна бошад, он гуна шавад.
Аз гарангиву бекорӣ ва ҳисоби сарриштаи калобаро наёфтан як ба соати сари манор нигарист ва наздик омадани фанои рўзро дарёфта, ба ҳеҷ ҷо нарасиданашро низ донист ва пай бурд, ки аз ташвиши беҳуда ва гирифтории сахт ҳалқу забонаш хушк гашта як навъ озораш медиҳад чунон ки мурғ дар тобистони гарм ба ёди об даҳон кушода ҳалқак занад, ҳар гоҳ даҳон кушода бо нами забон лаб тар кардан хоҳад, аммо забонаш наме надорад.
Чашм сўйи тарабхонаи «Дўстӣ» меорад, ки наҷотбахш бошад.
Каси дигар бошад, ба ин макони тараб даромада, алам бо шароб паст мекард ва ҳам ташнагӣ мешикаст. Чун ў ба ин кор рағбат надорад, ба чойхонаи зерхонаи ин бино рафта лаби кат андармон нишаст ва як чойник чойи «раисхўр» фармуд. Як чойник чой ташнагиашро нашикаст, чойники дигар фармуд. Чойи талх меъдаи холиашро кофт ва ғарорааш омад. Пасон пай бурд, ки ташнагӣ на дар ҳалқу забон, балки дар бофтаҳои асаби ў пайдо гашта, ки андаке дам гирад ё ғанаб кунад, осуда гашта, ташнагӣ ҳам шиканад.

пешина
аз 378
навбатӣ