Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Ба назари ў: замоне мерасад, ки сурати «Дўстӣ»-ро аз бойгонии зери хокмонда пайдо карда, он қадар менависанд, ки коғаз намерасад. Сонӣ дар гўшаи бомаш нишоне мегузоранд, ки дарак аз асри заррини ин шаҳр диҳад ва дар зертахааш нигоранд:
«Бе иҷозат даромадан имкон надорад!» Зеро дар ин ситоишкада он қадар суханҳои нек гуфта шудааст, ки дар ягон таърихнома пайдо нагардад. Ба вижа дар ҳаққи кўдакони ятиммонда, ки «Сарпараст» дасташонро ҳалол кардааст ва ё навхонаҳое, ки аз бехонавударӣ маъракаи шаҳиву арўсиашон дар ин кохи тараб гузаштааст. Сабаби дар паҳлўи ин хонаи саъд бунёд кардани дижи сафед шояд ҳамин бошад, ки хушбахтӣ орад.
Ҳамин мавзеъ ҳамагӣ чанд сол пеш боғи истироҳатӣ ва мадании шаҳр буд. Хеле барҳаво ва сабзу хуррам. Одамони аз раҳи дур хаставу шалпар омада ва мусофирони роҳгузар лаби катҳои чўбӣ нишаста дам мегирифтанд ва оне фароғату истироҳат мекарданд.
Дар миёни дарахтони зиёд як нимпайкараи даҳое вуҷуд дошт, ки дар як шаб ба гарданш таноб андохта, афканда, сарашро чун сари Спитамону Деваштич рабуданд; ё дўстдоре ба хонааш бурд, ки ҷуз гўркову гузоранда ба хок касе он ҷою манзилро надонад.
Ин ҳам таърих. Фардо рўзи ҳисоб ин танҳои бесар чӣ гуна аз хок рўйида душманони хешро мешиносанд, касе надонад. Ин ҳам ба ҳисоби китоби таърих дохил мешавад ва Фардо онҳое ин чизро мефаҳманд, ки дар пайи кофту ёфташ бошанд.
Худоё! Ин шаҳр мазористон мегардад! Лекин ончунон нашавад чун Куҳандизи афканда ба ҳоли худ, ки як кас намоз набарад. Ва деворҳои шикастаи аз зери хок баромада аз боду боронҳо ҳамсони замин гарданд. Гўристони Куҳандиз панҷсад қадам болотар, қабристони Тозадиж панҷсад қадам поёнтар, ки дар миёнаи шаҳр мондааст. Дар харита як нуқта ҷой мегирад ё шояд ҷой ҳам наёбад. Дар ин миёни ду Ҷаҳон чӣ бозиҳое шавад, ки сарҳисобашро кас надонад, ҳатто мошинаҳои пулшумори бонкӣ ҳам ба ҳисоб гирифта натавонанд.
Илоҳӣ, ҳамин мошинҳои сабукрави тезтак, ки роҳи дури касро наздик мегардонанд аз кор намонанд, равғани Замин ҳам кам нагардад, ки ягон гўристон мурдаи ин чаҳорпоёни заҳматкаши безабонро гунҷонида наметавонад.
Абдуҳамид ба сари замини сабз омад. Зеро шаҳри куҳан ва
тозабунёди Панҷакат ўро сахт хуш наомад. Пиндораш ин шаҳри
мағрур тану ҷони ўро қабул надорад. Аз ин рў баъди андешаву мулоҳизаи зиёд ба қароре омада, бадар рафт аз шаҳр. Ва то «Замини навкорам» расида, дид, ки баъди дарави охирин беда кўрпа гашта, баррахўрак шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ