Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа
Подшоҳ бо даҳони кушода, ҳайрону пушаймон нақли подабонро гӯш карда, фармон дод, ки се занашро гирифта биёранд. Занҳо тарсидаю ларзида, ба гуноҳашон иқрор шуданд.
Бо амри подшоҳ модари бачагон ва вазири дасти ростро, ки дар зиндони сарду торик қариб ба мурдан наздик шуда буданд, озод карда оварданд.
Баъд подшоҳ гунаҳкоронро ба ҷазо расонида гуфт:
- Фарзандони азизи ман ёфт шуданд, равед, духтари қолинбофро биёред, қолинашро паҳн кунед, ки рӯи ҷаҳонро гирад, духтари ошпазро ёфта биёред, оше пазад, ки тамоми мардуми олам сер шавад!
Тӯю тамошои калон барпо гардид. Мо ҳам он ҷо будем, дар рӯи қолин нишастем, оши палав хӯрдему кайфу тамошо кардем.
АВВАЛ ПУРСИШ, БАЪД КУШИШ
Мамлакате буд миёни мамлакатҳое, ки дар ин олам кам нестанд. Дар он мамлакат як сол на барфи дуруст бориду на борон, ғалла дар саҳрову мева дар боғ норасидаву нодаравида монд, хушксолӣ пеш омаду гуруснагӣ, байни мардум муромурӣ сар шуд.
Мамлакат мисли ҳар мамлакати дигар подшоҳе дошту подшоҳ вазир. Подшоҳ аҳволи халқу мамлакатро дида, ба таҳлука афтод ва рӯзе ба вазираш гуфт:
- Эй вазир, маро дигар тоқати дидани ҳоли табоҳи мардум намонд! Қарор додам, ки мамлакатро ба ихтиёри ту гузораму худ баромада равам. Баъди як сол бармегардам. Тамоми ақлу

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё