Зеҳн
Фариштамоҳ

Ин китоб як афсонаи халқии тоҷикӣ буда, сагузашти подшоҳ ва писарони ӯро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он воқеаҳои аҷибе оид ба ҷустуҷӯи ишқи Фариштамоҳ ҳикоят мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 14 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

Шоҳзода розӣ шуда ҳамон ҷо монд. Писари подабон ба хонаи кампир рафт. Аммо шоҳзода тамоми шаб илоҷи бедор нигоҳ доштани духтарро наёфту оқибат худи ӯро хоб бурда монд. Пагоҳӣ бедор шуда фаҳмид, ки шартро бой додааст. Ғамгину озурдадил ба хонаи кампир омад. Писари подабон ӯро таскин дода гуфт:
— Бародари азиз, ғам нахӯр, ман кӯшиш мекунам, ки шарти духтарро иҷро кунам, иҷро ки кардам, духтар аз они ту мешавад.

Ҳамон рӯз писари подабон аз чӯб лӯхтаке тарошида бегоҳӣ ба пеши Фариштамоҳ рафт ва ба иҷрои шарт тайёр будани худро маълум кард.
Ӯро бурда дар ҳамон хона, дар паси парда шинонданд.
Писари подабон лӯхтакашро бароварда, ба он як нигоҳи маънидоре карду баъд бозӣ доронда гуфт:
— Эй дӯсти азиз, ту дар зиракӣ ва хирадмандӣ овоза баровардай, хеле вақт аст, ки ба чанд ҳодиса фикри ман банд аст, ту дар ҳалли ин мушкилот ба ман ёрӣ расон!
— Канӣ гӯй, онҳо чӣ ҳодисаҳо будаанд? — гуфт писари подабон аз номи лӯхтак овози худро маҳин карда.

Духтар худ ба худ “аҷабо, ин хирадманди маҳиновоз чӣ махлуқе будааст ва он ҳодисаҳо чӣ хел будаанд?” — гӯён бо кунҷи чашмонаш ба тарафи ҷавон назаре андохт. Лӯхтак бозикунон лаб ҷунбонда, ба гап даромад ва ин ҳодиса диққати Фариштамоҳро ба худ кашид.
— Эй дӯсти азиз, — гуфт писари подабон ба лӯхтак муроҷиат карда, — дар як шаҳр як қуръаандоз қуръа андохта маълум кардааст, ки духтари подшоҳи Миср, ки дар зебоӣ бемислу монанд будааст, ба касалии сахт гирифтор шудааст, ҳеҷ яке аз табибони он мамлакат дарди ӯро даво карда наметавонистаанд. Подшоҳ эълон кардааст, ки ҳар касе, ки духтарашро сиҳат кунад, ӯро бо молу анҷоми зиёд ба ҳамон кас никоҳ карда медиҳад... Қуръаандоз воқеаро ба табиб ҳикоя мекунад.
— Сад афсӯс, — мегӯяд табиб, — он ҷо хеле дур аст, вагарна ман рафта, дар се рӯз духтарро сиҳат мекардам.

Аз ин воқеа чӯбтарош хабардор шуда, аспи чӯбини парвозкунанда месозаду ҳар сеи онҳо савор шуда, дар як муддати кӯтоҳ ба Миср рафта мерасанд.
Табиб духтарро сиҳат мекунад, подшоҳ ӯро бо инъоми зиёд ба

пешина
аз 14
навбатӣ