Фариштамоҳ

Ин китоб як афсонаи халқии тоҷикӣ буда, сагузашти подшоҳ ва писарони ӯро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он воқеаҳои аҷибе оид ба ҷустуҷӯи ишқи Фариштамоҳ ҳикоят мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 14 саҳифа
табиб додани мешавад. Инро дида, қуръаандозу чӯбтарош ҷанҷол мебардоранд. Қуръаандоз мегӯяд, ки:
— Духтар ҳаққи ман аст, зеро агар ман қуръа намеандохтам, касалии ӯ ба табиб маълум намешуд, ӯ шоҳдухтарро сиҳат карда наметавонист.
Чӯбтарош мегӯяд, ки:
— Духтар ҳаққи ман аст, зеро агар ман аспи парвозкунанда намесохтам, табиб ҳеҷ гоҳ ба ин ҷо омада наметавонист.
Табиб мегӯяд, ки:
— Духтар ҳаққи ҳалоли ман аст, зеро агар ман намешудам, қуръаандоз ва аспи парвозкунанда ба духтар фоидае намебахшид.
Ҳамин хел мунозираи онҳо хеле муддат давом карда, подшоҳу оқилони он мамлакат дар ҳалли он оҷиз мондаанд. Ман ин воқеаро шунида, ба чунин хулоса омадам, ки духтар ҳаққи қуръаандоз аст, чунки бе ҳунари ӯ чӯбтарошу табиб ҳеҷ вақт рӯи духтарро намедиданд.
— Не, не! — гуфт сарчаи худро ҷунбонида лӯҳтак, — ту хато мекунӣ, ба духтар беш аз ҳама чӯбтарош ҳақдор аст, агар ӯ намешуд, қуръаандозу табиб коре карда наметавонистанд.
— Гапи ту рост аст, дӯсти азиз, — гуфт писари подабон, — фақат ту метавонӣ ҳаққи гапро гӯйӣ.
Фариштамоҳ, ки худро ба хоб андохта бошад ҳам, бодиққат гӯш мекард, сари худро бардошту гуфт:
— Фикри ҳардуятон ҳам нодуруст, ба духтар аз ҳама зиёдтар табиб ҳақ дорад, зеро танҳо ба шарофати донишмандии ӯ касали ба мурдан наздик, ҷон гирифта, сиҳату саломат шуд.
— Эй дӯсти меҳрубон, — гуфт писари подабон аз нав ба лӯҳтак муроҷиат карда, — аз афти кор, ҳақ ба ҷониби Фариштамоҳи нозанин аст, вале кайҳост, ки як ҳодисаи аз ин ҳам аҷибтар диққати маро ба худ ҷалб кардааст. Ман онро нақл мекунам ва боварӣ дорам, ки ин дафъа ту хато намекунӣ ва Фариштамоҳи нозанин ҷавоби туро маъқул меёбад.
— Бигӯй, чӣ ҳодиса будааст! — гуфт лӯҳтак дар кафи дасти ҷавон китфу сарашро ба ҳаракат дароварда.
— Подшоҳе буд, — гуфт писари подабон, — вай як булбул дошт. Булбулро ба қафаси тилло андохта, дар боғаш овехта монда буду ҳар рӯз хониши ӯро гӯш карда, лаззат мебурд. Рӯзе подшоҳ чаҳ-чаҳи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё