Зеҳн
Фариштамоҳ

Ин китоб як афсонаи халқии тоҷикӣ буда, сагузашти подшоҳ ва писарони ӯро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он воқеаҳои аҷибе оид ба ҷустуҷӯи ишқи Фариштамоҳ ҳикоят мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 14 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

Булбулро гӯш карда нишаста буд, ки ногаҳон ду булбули дигар парвоз карда омада, ба рӯи қафас нишаст ва булбулон ба ҳамдигар ким-чиҳо гуфтанду он ду булбул парида рафт.

Подшоҳ ба назди қафас омада, аз булбулаш пурсид:

— Онҳо киҳо буданд ва ба ту чиҳо гуфтанд?

— Онҳо хешовандони мананд. Подшоҳи мамлакати булбулон тӯйи калоне барпо мекардааст, маро ба тӯй таклиф карданӣ омадаанд, ман гуфтам, ки “озод нестам, дар қафасам, рафта наметавонам”. Онҳо бисёр афсӯс хӯрда, парида рафтанд.

Подшоҳ фикр карда гуфт:

— Агар ман туро ду-се рӯза ҷавоб диҳам, аз мамлакати булбулон ба ман чӣ меорӣ?

— Аз мамлакати булбулон як донаки зардолу меорам, — гуфт булбул, — донакро мешинонӣ, дар байни чил рӯз дарахти калон мешавад, мева мекунад ва ҳар пире, ки меваи онро хӯрад, ҷавони солиму зебо мешавад.

Подшоҳ булбулро озод кард. Булбул баъд аз се рӯз, мувофиқи ваъдааш як донак овард. Донакро шинонданд, дар байни чил рӯз дарахти калону сершоху сербарг шуда, мевааш пухт.

Рӯзи чилу якум подшоҳ ба боғбон фармуд, ки як дона аз меваи он дарахт гирифта орад. Боғбон як зардолуи дар таги дарахт афтода хобкардаро гирифта, ба подшоҳ бурда дод.

Подшоҳ як пири барҷомондаро оваронда, зардолуро ба ӯ хӯронд. Пир ҳамон замон мурд. Подшоҳ дарғазаб шуда, фармуд, ки фавран сари булбули фиребгарро аз танаш ҷудо кунанд. Фармони ӯ иҷро гардиду булбул аз ҷони ширинаш ҷудо шуд.

Воқеаи зардолуи одамкуш дар шаҳр овоза шуда рафт ва ин овоза ба гӯши мӯйсафеде расид, ки аз ғояти пирӣ ва камбағалию бекасӣ аз ҷони ширинаш сер шуда буд.

Мӯйсафед қарор дод, ки рафта аз ҳамон зардолу хӯраду аз азобу машаққат халос шавад. Вай ба чорбоғ омада, ба зери шохи зардолуи заб-зард пухта хобида, дасти ларзони худро дароз кард ва ду-се дона чида хӯрд ва интизори марг шуда истод. Аммо бар хилофи чашмдошташ ӯ худро хеле бардам ва пуркувват ҳис кардан гирифт.

— Ё аҷабо! — гуфт мӯйсафед ва даст ба ришаш бурд, аммо ришаш наёфту дасташ ба манаҳи ҷавононаи ҳамвор расид. Вай ҳайрон шуда, ба лаби ҷӯй рафта ба об нигоҳ карда, аксеро дид барнои.

пешина
аз 14
навбатӣ