Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа
Ниҳоданд бар кӯҳу гаштанд боз, Баромад бар ин рӯзгоре дароз.
Кӯдаки ширхор бидуни модар ва доя, бидуни рахту либос, бидуни ёру ёвар, якқаю танҳо миёни чӯҷаҳои Симурғ дар ошёнаи сангӣ, дар қалъаи Албурзкӯҳ афтода, дасту по мезад, ки ногаҳон аз лобалои абрҳо Симурғ — подшоҳи парандагон падидор шуд.
Падид омад аз абр Симурғу чанг Бизад, баргирифташ аз он гарм санг.
Симурғ ба муқтазои қонуни табиат мехост ба як пар задан тифли бечораро нобуд созад, ки садое ба гӯмаш аз дур расид:
Ба Симурғ омад садое падид,
Ки, эй мурғи фархундаи покдид,
Нигаҳ дор ин кӯдаки ширхор,
К-аз ин тухми мардӣ дарояд ба бор!
Симурғ ҳайрон монд, ки ин чӣ тилизме аст? Ин кӯдаки ширхори бараҳна ва бе обу дона бар ин қалъаи муҳиби Албурзкӯҳ чӣ мекунад?
Шигифте бар ӯ барфиганданд меҳр.
Бимонданд хира бар он хубчеҳр.
Дафъатан Симурғ тағйири тасмим дод ва тифли одамизодро чун чӯҷае дар миёни чӯҷаҳои худ пазируфт ва аз порчаҳои гӯшти хунолуд ӯро тағзия дод.
Кӯдаки ширхор калон ва калонтар шуд, ҷавон ва ҷавонтар шуд, тиру камон сохт ва шикорчии тавоно гашт.
Сом аз фироқи писар ҳамеша андӯҳгин буд ва як-ду дафъа хобҳои парешону ҳавлнок дид, ки касе барояш мегуфт: «Писарат зинда аст. Дар қалъаи Албурзкӯҳ дар ошёнаи сангии Симурғ калон шуда ва ҷавони хеле зебо ва шикорчии тавоно гардидааст. Зуд бархез ва ӯро биёвар!»
Сом ва ҷамъе аз паҳлавону бузургони Балх ба Албурзкӯҳ рафтанд. Симурғи парваришидиҳандаи кӯдаки

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё