Зеҳн
Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа

ҚиссаҲайвонот
Аз аввал хондан

Ширхор ҷавони барозидаеро ба падараш таслим кард ва лақаби «Достон» ба ӯ ниҳод.

Аз дидани фарзандаш «Достон» Сом бениҳоят хушу хуррам гардид ва ӯро ба шаҳри Бадх овард ва бар ӯ либоси шоҳӣ пӯшонд ва ба номи Золи Зар, яъне Золи Тиллоӣ мусаммо сохт.

Золи Зар баъд аз чанде ба Кобул омад ва дар Болоҳисори шаҳр хаймаю хиргоҳ афрошт ва бо Рӯдоба – духтари зебои шаҳриёри Кобулзамин издивоҷ кард ва Рустами Кобулӣ аз ӯ ба дунё омад.

Рустам ва Зол

Овардаанд, ки рӯзе подшоҳи Чин назди Зол омад, то ин аз ӯ кӯмак бигирад дар дафъи аждаҳое, ки рӯзҳои ҷумъа аз даре дармеомад ва аз даҳони худ оташ берун медод ва дар наздикии худ ҳар чӣ меёфт ё мебаҷид34 ва ё бо оташи дами худ месӯзонид. Чун шоҳи Чин ин гузоришро дод, Рустам – писари дувоздаҳсолаи Зол, ки дар девон35 ҳузур дошт, пас аз шунидани ин хабар худро ба пои падар андохт ва аз ӯ хост, ки дафъи он ифритро36 ба ӯ вогузорад. Падар, ки аз ин сухани писар хашмгин шуда буд, омӯзгори ӯро ба сабаби ин ки писарашро чунон ки бояд, тарбият накарда, мавриди бозхост қарор дод. Омӯзгор Рустамро бо худ берун бурд, то ӯро ба сабаби ин густохӣ, ки аз ӯ сар зад, гӯшмол диҳад. Вале Рустам муште ба омӯзгори худ зад ва ӯро чун мурдае бар замин афканд. Рустам сипас барои дуздидани аспе ба истабл37 рафт ва зимнан таҳдид намуд, ки ҳар кас дар ин бора сухане ба падараш бигӯяд, ӯро дардам38 хоҳад кушт. Рустам рӯи пушти аспҳо даст гу-

пешина
аз 125
навбатӣ