Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа
зошт, то нирӯи онҳоро бисанҷад. Вале аспҳо ҳама пушт
хам карданд, то саранҷом курраи асперо ёфт, ки тоза ба
дунё омада буд ва ҳанӯз касе ба ӯ савор нашуда буд ва чун
ин курраи асп дар зери фишори дасти Рустам пушт хам
накард, Рустам ӯро баргузид. Рустам сипас назди оҳангар
рафт, то размафзори муносиб барои худ баргузинад. Оҳангар пас аз таҳдиди Рустам назди ӯ фош кард, ки салоҳинӯи
ӯ ҳанӯз дар кӯҳе маҳфуз аст. Вале ба сабаби вазни сангини
он ҳеҷ касро ёрои баргирифтани он нест. Рустам бад-он
ҷо шитофт. Салоҳнӯйи худро баргирифт ва онро андоза
ва муносиби худ ёфт. Ҳангоми бозгашт ба ҷое расид, ки
омӯзгори худро беҳуш бар замин афганда буд ва ӯ акнун
дубора ба ҳуш омада буд. Рустам бо таҳдид ба марг ӯро
ночор сохт, ки роҳи кӯтоҳ ва миёнбур ба ӯ нишон диҳад то
битавонад аз падари худ, ки ин миён барои куштани
аждаҳо раҳсипор шуда буд, пеш равад. Омӯзгори Рустам
ногузир мувофиқат кард ва саранҷом пас аз се рӯзи асп
тохтан дар ҷое барои истироҳат аз асп пиёда шуданд. Чанд
нагузашт, ки падари Рустам низ бо силоҳи худ расид. Рустам ниқоби худро бар чеҳра зад ва аз лашкари падар талаби боҷ кард ва чун лашкари Зол ҳозир ба пардохти боҷ
нашуд, Рустам бо якояки онҳо ба набард пардохт ва яке
ро пас аз дигарӣ ба замин андохт ва кушт ва бар вазири
падар низ чира гашт. Саранҷом Зол худ ба майдон омад
ва ӯ низ шикаст хӯрд. Вале Рустам қасди куштани падарро
надошт. Дар ин миён деве аз роҳ расид, ки фиристодаи
ҳафт ситора буд ва бар даври ҳайкали худ камарбанде баста аз санги осиё дошт. Дев ба сӯи лашкари Зол ҳамлавар
гашт ва бо партоби яке аз он сангҳо Золподшоҳро бар
замин афганд. Рустам бо шитоб ҷулӯи дев давид ва сангеро, ки дев ба сӯи ӯ партоб карда буд, ба даст гирифт ва
онро чунон ба миёни дев зад, ки тамоми сангҳои ӯ шикаст
ва фурӯ рехт. Дев ҷобукона ба ҷангале, ки дар наздикӣ буд,
- Ҷулӯ — тараф, ҷониб, сӯй.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё