Зеҳн
Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа

ҲайвонотҚисса
Аз аввал хондан

Данғара боқимондаҳои деворҳои қалъаи Золи Зар ба чашм мерасанд. Подшоҳи ин қалъа Золи Зар, падари Рустами Достон буд.

Овозаи Рустам беҳ аз Рустам

Рӯзе аз рӯзҳо Рустам аспсавор ба лаби дарёи Шӯр барои саёҳат ва шикор баромада буд. Дар миёнаи дара як деви аз замони Каюмарс мондаро дид. Сараш баробари хона, биниаш мисоли новаи осиёб, як чашм дар пешона, як чашм дар пушти сараш. Қадаш чунон баланд буд, ки моҳиёнро аз дарё гирифта, дар офтоб медошту кабоб карда мехӯрд.

Дев Рустамро бо аспаш ба рӯи қафи дасташ гирифта мепурсад, ки:
— Эй одамӣ, дар ин дашту лаби дарё танҳо мегардӣ, аз Рустам наметарсӣ?

Рустам ҷавоб медиҳад, ки:
— Эй бародар, кист, ки аз Рустам натарсад, тарсидаву ларзида гаштаам. Агар аз ягон тараф пайдо шавад, мегурезам!

Рустам аз дев дуртар ба каноре меравад ва худ ба худ мегӯяд: то «ҳамин девро як имтиҳон кунам». Ба қафо, ба тарафи дев асп меронад. Дев мебинад, ки одами навина чангу тӯпаланг карда, аспдавон меояд, сари роҳ баромада мепурсад:
— Эй одамӣ, чаро мегурезӣ?

Рустам:
— Ту ҳам гурез, ки Рустам омад!

Дев чунон ба гурехтан даромад, ки ҳар як қадамаш се санг роҳ буд. Ба як фосила аз назар ғоиб шуд.

Рустам хандид ва худ ба худ гуфт: «акнун донистам, дар воқеъ овозаи Рустам беҳ аз Рустам будааст».

Рустам ва девҳо

Рустам як рӯз барои шикор ба кӯҳ баромада буд. Би-

пешина
аз 125
навбатӣ