Зеҳн
Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа

ҚиссаҲайвонот
Аз аввал хондан

Сёр шикор кард, монда шуд. Дар лаби як чашма хобаш бурд. Подшоҳи девҳо, ки душмани Рустам буду фурсат кофта мегашт, вайро бандӣ кард.

Рустам бедор шуду худро дар бандихона дид. Ночор ба дев гуфт:

– Ман ба ту бисёр бадӣ кардам, падари туро куштам, модари туро куштам, хешу таборатро куштам, ту ҳақ дорӣ, ба ман ҷазои сахт диҳӣ, маро ба шах зан, ман донаи кӯкнор гардам, армон аз дили ту барояд.

Дев гумон кард, ки Рустам бо ин тадбир роҳи халосӣ меҷӯяд. Бинобар ин бар акси гуфтаи вай кор карда, ӯро ба дарёи Ҷайҳун партофт.

Рустам тифоқо дар рӯи дарё чил нафарро дида, мадад талабид. Одамҳо банди дасту пои ӯро кушоданд. Рустам аз дарё баромада, ба ҷустуҷӯи дев равон шуд. Девро аз кӯҳ ёфт. Дев ба ҷониби Рустам гуфт:

– Рустам, омадӣ?

– Ҳа, омадам, – гуфт Рустам, – аҳволам бад, бисёр ташна мондам, дастам дар банд аст. Агар раҳм кунӣ ба ман, як коса об деҳ!

Дев бовар кард, ки дасти Рустам бастааст, як коса об гирифта, ба наздики вай омад. Рустам девро даст гирифт. Се шабу се рӯз гӯштин гирифтанд. Охир Рустам девро ба замин зада сарашро бурид.

Бори дигар Рустам ба шикор равон шуд. Боз дар кӯҳ ӯро хоб гирифт. Деви сафед, додари подшоҳи девҳо, ба рӯри Рустам афтода буд. Ногоҳ Рустамро дар хоб дарёфту бандӣ кард. Рустам бедор шуда, худро дар банд диду дар рӯ ба рӯяш девро. Дев гуфт:

– Ту подшоҳи моро куштӣ, ман бародари подшоҳам. Деви сафед ном дорам. Қасди бародарамро аз ту мегирам, ба хорию зорӣ туро мекушам!

Рустам гуфт:

– Рост мегӯӣ, ман падар ва модари ту, хешу табори ту ва подшоҳи ҷамъи девҳо, акаи туро куштам. Ту маро гиру

пешина
аз 125
навбатӣ