Зеҳн
Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа

ҚиссаҲайвонот
Аз аввал хондан

ба кӯҳ зан, ки донаи қуқнор гардам, армон аз дили ту барояд.

Деви сафед Рустамро гирифта, ба дарёи Ҷайҳун партофт. Рустам ба гирдобе афтода, чарх зад ва чашмаш ба як шохи дарахт афтод, ки рӯи дарё овезон буд. Рустам коре карда, бо дандон шохи дарахтро газид, аз дарё баромад. Ба тарафи беша рафт, ҷониби аспаш рафту дид, ки Деви сафед дар қасди гирифтани аспи вай афтодааст. Худашро дастбаста нишон дод.

Дев Рустамро дид. Аз ром кардани аспи Рустам бозистод. Рустам ба ҷониби дев равон шуд. Дев гуфт:
— Рустам, омадӣ?
— Ман омадам, аз ташнагию гушнагӣ ҳолам ба танг аст. Ба ман аввал обу нон деҳ, баъд хоҳӣ куш, нахоҳӣ, озод кун.

Дев бовар кард, ба назди Рустам омад. Рустам ба вай ҳамла кард. Девро ғалтонд, сарашро бурид.

Баъди ин аз қабили девон ба ҷанги Рустами Достон, дигар деве ҷуръат карда наомад.

Чарогоҳи Рахш

Мардуми ноҳияи баландкӯҳи Лахш 40 ривоят мекунанд, ки мавзеи онҳо дар асл Рахш ном дошт. Номи ҳамон аспи номдори Рустами Достон. Мавзеъ чарогоҳи хуб буд. Рустам ҳам барои аз гиёҳҳои тару тозаи ширин сер кардани Рахш гоҳ-гоҳ ба ин ҷойҳо меомад. Рахш ҳам пастию баландиҳои ин ҷойҳоро нағз медонист. Аз ин сабаб Рустам ҳамин, ки ба чарогоҳ расид, Рахшро аз зину лаҷом озод мекард. Рахш чарогоҳро озодона мегашт. Рустам дар ҷои хушҳавои чарогоҳ ба хоби баҳодурӣ мерафт. Рахш аз гиёҳҳои тару тоза сер шуда, ба бедоршавии соҳибаш интизор мешуд. Рустам, ки аз хоб хест, боз Рахшро зину лаҷом мекарду ба корзор мерафт.

40 Лахш — мавзеест дар ноҳияи Ҷиргатоли Тоҷикистон.

пешина
аз 125
навбатӣ