Зеҳн
Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа

ҚиссаҲайвонот
Аз аввал хондан

Рустами Достон

Аз Рустами Достон — қаҳрамони номдори Ориёнои куҳан, ҳикоят мекунанд: ҳангоме, ки аз Сиистон озими Самангон мегардид, дар миёни роҳ ба паҳлавоне бархӯрд, на танҳо аз дидани вай ба Рустам тарс ва ваҳшат рӯй дод, балки аз муаррифии хеш ба вай ибо варзид, чунон вонамуд сохт, ки гӯё вай Рустам нест.

Рустам одат дошт ба ҳар манзил ва ҷойгоҳе, ки мерасид ва ба чашмаш шодобу сарсабз менамуд, он ҷоро чароғоҳи хубе барои Рахшаш шумурда, аз Рахш фуруд меомад ва лаҷом аз сари он гирифта, раҳо месохт, то дақоиқе Рахшаш дар он марғзорҳо бичарад ва худаш низ аз ин, ки хаста ва монда мешавад, лаҷомро зери сар карда, ба хоб мерафт, то лаҳзаи биёсояд.

Мегӯянд, вақте Рустам дар яке аз водиҳои шодобу зебои Ҳиндукуш аз Рахш фуруд омад ва онро ба чаридан гузошт ва худаш лаҷоми Рахшро зери сар карда, рӯи саҳрои бузурге ба хоб рафт. Баъд аз чанд соат, ки аз хоб бедор шуд ва ба гирду навоҳии хеш назар кард, аз Рахш асаре надид. Дар ташвиш шуда пайи ёфтани Рахш рафт ва ҳарчанд ҷустуҷӯ кард, нишоне аз он наёфт. Дар ин мавқеъ ба марди тануманд ва азимҷуссае бархӯрд ва аз вай ҷӯёи Рахш гардид. Паҳлавони мавсуф бо ҳайбат аз Рустам пурсид:
— Кистӣ, ки нишони Рахши Рустамро аз ман меҷӯӣ?

Аз ин ки Рустам аз вай дар ҳарос шуда буд ва худро чун мавҷуди кӯчаке дар баробари ӯ медид, аз муаррифии бо вай инкор намуд. Тавре вонамуд сохт, ки гӯё яке аз ғуломони Рустам аст ва Рустам ӯро ба ҷустуҷӯи Рахш фиристодааст. Паҳлавон ба муҷарради шунидани ин сухан аз забони Рустам бе муҳобо Рустамро ба як даст аз замин баланд карда, бар сари шонаи хеш қарор дод ва бо дасти дигараш ба тарафе, ки Рахши Рустам он ҷо буд, ишора намуда гуфт:
— Рахши Рустам он ҷост!

пешина
аз 125
навбатӣ