Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа
Ге ба хоб андар рафт. Чун аз хоб бархост, ба ҳар сӯ, ки ҷуст, Рахшро наёфт. Дар пайи Рахш пиёда ва саросема ба сӯи Самангон шитофт. Ба дарвозаи шаҳр ӯро як тан аз бузургони дарбори шоҳ дарёфт ва ба наздики шоҳи Самангон расонид. Рустам аз рабуда шудани Рахш ба шоҳи Самангон хабар дод ва гуфт, ки агар аспашро ба вай бознагардонанд, хоки Самангонро ба бод хоҳад дод. Шоҳ, ки Рустамро мешинохт, аз ин гуфтааш ба ҳарос афтод, ӯро ба шаб меҳмон кард ва паймони устувор баст, ки рӯзи дигар Рахши номварро ба соҳибаш боздиҳад. Рустам ба кохи шоҳ ба меҳмонӣ рафт. Шоҳи Самангон меҳмони далер ва номдорро пазиро шуд. Хунёгарон ба ҳам нишастанд ва духтарони сиёҳчашму гулрух ба ромишгарӣ бархостанд.
То нимаи шаб бихӯрданд ва бинӯшиданд. Саранҷоми мастӣю хуррамӣ ба Рустам хоб ғалаба кард ва ба ҷои нек ва ниҳоне ба хоби хушӣ биёсуд. Ҳанӯз аз шаб баҳре нагузашта буд, ки моҳрудухтаре ҳамчун хуршеди тобон ба хобгоҳи Рустам андаромад. Рустам аз дидори вай хира монд ва аз ному комаш бипурсид. Духтари нозанин чунин посух дод:
— Ман Таҳмина — духтари шоҳи Самангонам. Достони ҷанговарии ва далериатро шунидаам. Меҳрам бар ту биҷунбидааст. Акнун, ки туро бозёфтам, агарам бихоҳӣ, туро бошам.
Рустамро аз ин паричеҳра хуш омад ва ӯро аз падар ба кобин хост. Шоҳ аз ин моҷаро шод шуд ва бифармуд то муоидаи кабини ононро бубанданд. Паҳлавон шаберо бо Таҳмина бихуфт. Рустам мӯҳрае ба бозувор дошт, онро ба Таҳмина дод ва гуфт, ки агар духтаре орад, ба гесӯяш овезад ва агар писар орад, ба бозуяш бубандад ва ӯро ба наздики падар бифиристад.
Саҳаргоҳ Рахши Рустамро биёварданд. Паҳлавон са—
41 Кобин — маҳалли акди никоҳ.
42 Муоида — қарордод.
83

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё