Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа
вор шуд ва ба Зобулистон рафт. Пас аз нӯҳ моҳ Таҳминаро писаре омад ба кирдори моҳ ӯро Сӯхроб ном кард. Чун чордаҳ баҳор бар вай гузашт, Сӯхробро дар саросари замини Турон ба далерӣ, ҷанговарӣ ва шамшерзанӣ мисол ва ҳамранге набуд. Рӯзе ба наздики модар рафт ва аз нажод ва номи падар хабар хост. Модараш гуфт:
– Ту пури (писари) Рустами Зодӣ ва ӯ паҳлавонест, ки дар ҷаҳон чун вай дигарӣ падид наёмадааст.
Сӯхроб аз донистани нишони падар шод шуд ва ба модар гуфт, ки ба ҷустуҷӯи падар хоҳад рафт. Тахту тоҷи Ориёноро барои Рустам ва кулоҳи Туронро барои худ хоҳад гирифт.
Модари Сӯхроб аз он гуна суханони писар шод шуд, магар аз хабари ҷудоияш ба ранҷ ва ҳарос афтод.
Дар он ҳангом шоҳи Турон аз разм ва нирӯи Сӯхроб огоҳӣ ёфт, чунон рой зад, ки ӯро аз сӯи худ ба разми Рустам бифиристод. Афросиёбро аз ин рой ду андеша дар сар буд: яке он, ки магар Рустам ба дасти Сӯхроб кушта гардад ва сипас кори Сӯхробро низ худаш бисозад ва ганчу гоҳи Ориёно ва Туронро азони худ кунад. Дигар он, ки аз Сӯхроб бар хештан меҳаросид ва агар фарзанд ба дасти падар кушта мешуд, нотавонӣ ва ноумедии Рустам андарин буд ва бад-ин ҳар ду сурат бар душман пирӯз мешуд. Магар чун орзуи Сӯхроб ёфтани падар буд, нишони Рустамро аз ӯ ниҳон доштанд, то пур ва падар нашинохта бо ҳам даровезанд. Аз он рӯ, шоҳи Турон Сӯхробро ба тавила фиристод, то аспе барои худ бигузид. Сӯхроб чандин аспи тануманд ва зеборо ба саворӣ биёзмуд, магар аз таҳаммули нирӯи вай ҳама оҷиз омаданд ва пушти бас асбони нирӯманд бишикаст. Саранҷом далермарде аз бузургони шоҳ аспе биёвард, ки аз тухмаи Рахш буд, ки касе ёрои савор шудани онро надошт. Сӯхроб бо осонӣ ромаш кард ва зину лигом бар он биниҳод ва аз барои саворин худаш бигузид. Афросиёб аз сари он далер ва саворони озмуда лашкаре гарон бисохт ва дар пешрӯи гурдон ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё