Зеҳн
Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа

ҚиссаҲайвонот
Аз аввал хондан

Ардорон Сӯҳробро сипаҳдори эшон кард. Сӯҳроб ва сипоҳиёнаш ба сӯи Ориёно битохтанд ва пас аз чанд рӯз ба марзи Ориёно даррасиданд. Нигаҳбони диж (қалъа) диловаре буд ба номи Ҳажир. Чун лашкари Сӯҳробро дид, пой бар рикоби тоғавар овард ва ба корзор рафт. Ду лашкар ба ҳамдигар овехтанд. Сӯҳроб ва Ҳажир бар якдигар найза андохтанд ва якдигарро ба зӯр озмудан гирифтанд.
Саранҷом Сӯҳроб Ҳажирро бо зарби найза аз бора43 бар хок афканд. Дар он дам Сӯҳроб савории дигарро дид, ки ба майдон тохт меовард. Чун ба наздик расид, сару синаи Сӯҳробро ба борони тир гирифт. Сӯҳроб аз тундии савор барошуфт, найза бар даст гирифт ва чунон бар камарбанди ҷавон зад, ки зиреҳ як ба як бар танаш бидарид ва ӯро монанди кӯҳи азим баргирифт ва бар замин афканд.
Сӯҳроб аз зин барҷаҳид, то синаи саворро бо ханҷар бидарид. Чун хӯд44 аз сараш бардошт, хуршеди духтареро дид, ки бар расми мардон ҷавшан пӯшида ва беҳуш бар замин афтода буд. Ин духтар Гурдофарид ном дошт. Меҳри Сӯҳроб бар духтаре, ки наздик буд ба дасташ кушта гардад, бичунбид. Чун Гурдофарид чашм бикушуд, Сӯҳроби далерро дид, ки хира бар вай менигарад.

Гурдофарид духтари як тан аз далерони диж буд ва
захм набардошта буд. Сӯҳроб ӯро ба диж баргардонид ва
ба наздики диж аз ишқи худаш огоҳ кард. Гурдофарид ба
диж андар шуд ва дар барбаст. Чун он рӯз бегоҳ буд, Сӯҳроб
инон ба саропардаи худ баргардонид ва дар дил дошт, ки
ба шабгир бар қалъа битозад ва гард аз он бора45 бароварад. Далерони диж ба шоҳи Ориёно нома навиштанд ва
худ шабҳангом аз роҳи пинҳоне, ки ба зери диж сохта буданд, сӯи Балх бигурехтанд. Чун нома ба подшоҳи Балх
расид, дар андешаи Рустам шуд, зеро Таҳамтан ягона

43 Бора – асп.
44 Хӯд – кулоҳи ҷангӣ.
45 Бора – ин ҷо ба маънои қалъа омадааст.

пешина
аз 125
навбатӣ