Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа
Сӯҳроб гуфт:
– Эй падар! Гиря ва зорӣ макун! Ту маро нашинохта куштӣ. Бирав, даст аз ҷанг бозгир ва ду подшоҳро ба сулҳ ва оштӣ ор, то дигар разми ҳам наҷӯянд.
Сӯҳроб ин бигуфт ва ҷон ба ҷонофарин супурд. Ҷавонро ба ҷомаи зарнигор печид ва ба тобут андар ниҳод, роҳи хонаи падар, яъне ҷадди Сӯҳробро ба сӯи Зобулистон боз гирифт ва дар гӯристони хонаводаи худ дар Зобулистон ба хокаш супурд. Чун Таҳмина – модари Сӯҳроб аз марги писар огаҳӣ ёфт, зару сим ва хоста ҳамаро ба дарвешон дод ва пас аз як соли гиря ва мӯя аз фироқи писар бимурд.
Рустами тилисмшикан
Ҳазрати Алӣ ибни Абӯтолиб барои фатҳи як тилисм рафтанд. Тилисм дар Кӯҳи Зар буд. Кӯҳ бисёр баланд, тилисм дар қуллаи баланди ҳамон кӯҳ. Пеши тилисм бе чил зина мебаромаданд. Ҳазрати Алӣ азм карданд, ки чил зинаро бароянду тилисмро шикананд. Бист зинаро гузашта ба бистуякумаш қадам монда буданд, ки ба гӯшашон як садо расид: «Ё Шери Худо, шумо аз ин боло баромада наметавонед, зӯри беҳуда назанед!»
Ҳазрати Алӣ (а) пурсиданд, ки:
– Пеш аз ман ягон кас қасди шикастани тилисм карда буд? Пеши тилисм баромада буд?
Садо аз ғайб:
– Ҳа, пеш аз шумо Рустами Достон омада, ба чил зина баромада, тилисмро шикаста буд.
Ҳазрати Алӣ (а) гуфтанд:
– Агар фардо, рӯзи қиёмат, Худо ба ман ҷаннатро муносиб дида бошад, бе Рустами Достон ба ин макон қадам намемонам.
Ҷанги Рустам бо Деви сафед ва Исфандиёр
Буд набуд, марде буд, Золи Зар ном дошт. Золи Зар ҳеҷ фарзанд надошт. Шабу рӯз аз Худованд талаб мекард.
Мӯя – гиря, навҳа, нолаи ҳазин.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё