Зеҳн
Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа

ҲайвонотҚисса
Аз аввал хондан

Ни ба ӯ фарзанде ато намояд. Аз байни чанд сол гузашту дар хонааш писаре ба дунё омад. Золи Зар ва тамоми наздиконаш садҳо бор шукри Худоро ба ҷо оварда, ба набера Рустам ном доданд. Рустам дар тарбияи падару модару доя дар андак фурсат ба воя расид. Ҷавоне шуд хушсурат, чолок, паҳлавон.

Як рӯз Рустами ҷавон бо ҳамсолонаш бучулбозӣ мекард, ки бучулаш нохост рафта, дар чархи ресмонресии кампире бархӯрд, чарх шикаст. Кампир дар ғазаб шуда, маъноомез ба Рустам гуфт:

– Ҳой, бача! Ин чӣ беодобӣ? Мехоҳӣ, ки зӯратро ба ман нишон диҳӣ? Агар ту ин қадар зӯр медоштӣ, амакат дар дасти Деви Сафед бандӣ намешуд!

Рустам аз суханони кампир ғамгин шуда, ба хонааш омад.
Золи Зар дид, ки Рустам бисёр озурдахотир аст, пурсид:

– Ба ту чӣ шуд? Чаро ин қадар ғамгин ҳастӣ?

Рустам гуфт:

– Падарҷон, оё рост аст, ки амакам дар дасти Деви Сафед бандӣ мебошад?

– Инро ба ту кӣ гуфт? – пурсид Золи Зар.

Рустам қиссаро ба падараш баён кард. Падараш дар ҷавоб гуфт:

– Бале, бачам, кампир рост мегӯяд. Чанд муддат мешавад, ки амакат дар дасти Деви Сафед маҳбус аст.

– Ин тавр бошад, – гуфт Рустам, – ту бароям як аспи хуб пайдо кун, ман ба ҷанги Деви Сафед меравам, амакамро аз дасти вай озод мекунам.

Золи Зар хоҳиши писарашро қабул кард, аммо ҳарчанд кӯшид, асперо, ки тавони савории Рустамро дошта бошад, аз ҳеҷ куҷо пайдо накард. Золи Зар дид, ки чораи дигар нест, ба Рустам гуфт:

– Ҷони падар! Асперо, ки муносиби ту бошад, аз ҳеҷ куҷо пайдо накардам. Рахши бобоят дар фалон чарогоҳ аст, рав бигир, ҳамон асп лоиқи ту мебошад.

пешина
аз 125
навбатӣ