Зеҳн
Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа

ҚиссаҲайвонот
Аз аввал хондан

— Ман бо худ меҳмон дорам. Бигузор, ки меҳмонро ба хона расонам, баъд омада, бо ту ҷанг мекунам.

Исфандиёр розӣ шуд. Рустам роҳи худро давом дода, амакашро сиҳату саломат ба хонаашон расонд. Золи Зар аз дидани бародарашу аз далерию қаҳрамонии писараш Рустам бисёр хурсанд шуд. Баъд аз фурсате воқеаи бо Исфандиёр дучор омадану ваъдаи ба вай додаашро ба Золи Зар нақл кард. Золи Зар ба Рустам гуфт:

— Дар фалон дашт пари Момои Симурғ ҳаст, онро рафта мегирӣ. Баъд пеши Исфандиёр меравӣ ва ба ӯ пари Момои Симурғро нишон медиҳӣ. Вай ки ба тамошои пари Момои Симурғ овора шуд, ба чашмонаш мушт мезанӣ. Чашмонаш кӯр мешавад, кӯр ки шуд, ӯ ба ту мегӯяд: «Барои ман як хона бисоз, ки як дар дошта бошаду ду сутун». Ту ӯро фанд медиҳӣ ва бароиш як хона месозӣ, ки ду дар дошта бошаду як сутун.

Рустам рафту аз дашт пари Момои Симурғро гирифту ба пеши Исфандиёр ҳозир шуд. Парро ба ӯ нишон дод. Исфандиёр пари зебои Момои Симурғро тамошо мекард, ки Рустам ба чашмони ӯ як мушти обдор зад. Аз чашмони Исфандиёр оташ баромад, кӯр шуд. Исфандиёр ба Рустам гуфт:

— Ту ба ман як хона бисоз, ки як дар дошта бошаду ду сутун.

Рустам хоҳиши Исфандиёрро қабул кард. Барояш як хонаи дудараи яксутуна сохт. Исфандиёр ба хона даромад, Рустам пурсид:

— Рустам, ту ҳам ба хона даромадӣ?

Рустам ҷавоб дод:

— Бале, ман ҳам даромадам.

Аммо Рустам ба Исфандиёр дурӯғ гуфт. Ӯ дар беруни хона истода Исфандиёрро тамошо мекард. Исфандиёр гумон кард, ки Рустам ҳам дар даруни хона аст, сутуни хонаро як лагад зад. Хона фурӯ рафт. Исфандиёр зери хоку

пешина
аз 125
навбатӣ