Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа
Чӯбу хас ҷон ба ҷонофарин супорид. Ҳангоми ҷон доданаш ба Рустам гуфт:
– Ту, ки фарзанди Золи Зар будӣ, маро бо зорӣ куштӣ, вагарна қотили ман ҳанӯз аз модар таваллуд нашудааст.
Рустамбек
Рустамбек48 беки калони Истаравшан будааст. Ба чандсад сарбоз як хел либос, як хел асп, як хел асбобу аслиҳаи ҷангӣ дода будааст. Вай на ба хони Қӯқанд итоат мекардаасту на ба амири Бухоро. Худаш мири алоҳида, мустақил будааст. Ҳоло ҳам дар Истаравшан ба номи вай гузар ҳаст, «Гузари Рустамбек» мегӯянд.
Подшоҳи Бухоро – Амир Насруллоҳ лашкар кашида, Истаравшанро гирифтан хостааст. Вай ба Рустамбек бо элчии49 худаш нома фиристода гуфтааст, ки «Рустамбек, ба ман таслим шав».
Рустамбек гапи амир Насруллоро рад кардааст. Қаҳри амир омадаасту аз тарафи Мири Мушон ба Истаравшан ҳуҷум кардааст. Рустамбек бо сарбозонаш ба ҷанг даромадааст.
Ҳамон вақт модари Рустамбек зинда будааст. Ба писараш насиҳат карда гуфтааст, ки:
– Рустамҷон, писарам, ту ин тавр накун. Ту фақат як мири Истаравшан, вай бошад, амири Бухорои Шариф. Ту куҷою вай катӣ сарокалла задан куҷо! Бекор ба ҷони ҷавонат ҷабр накун, модаратро ба азоб намону баромада, таслим шав, узр гӯй, тавба кун!
Рустамбек гапи модарашро рад карда, ҷанг кардан гирифтааст. Баъд аз чор рӯзи ҷанг лашкари амир Насруллоҳ Истаравшанро гирифта, Рустамбекро куллук50 карда, пеши амир овардааст. Амир Насруллоҳ гуфтааст, ки:
48 Рустамбек солҳои 50-уми қарни XIX ҳокими шаҳри Истаравшан буд.
49 Элчӣ – қосид, номабар.
50 Куллук кардан – дасту пойҳоро якҷоя бастан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё