Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа
- Модарашро ҳам биёред, ки ин гарданшахро пеши чашми модараш сар занонам!
Модари Рустамбекро овардаанд. Амир Насрулло ба Рустамбек нигоҳ карда гуфтааст:
- Ҳа, гарданшахи беақл, таслим нашудӣ?
- Сар хам накардам, намекунам! Таслим нашудам, намешавам! Куштан хоҳӣ, куш! - гуфтааст Рустамбек.
Амир Насруллоҳ бадқаҳр шуда, ба модари Рустамбек рӯ оварда гуфтааст:
- Ба писарат насиҳат накардӣ? Нагуфтӣ, ки ба лашкари амир ҷангидан оқибати хуб надорад?
Ба ҷои модараш Рустамбек гуфтааст:
- Айби модари бечораю бегуноҳам нест! Ҳар гапат бошад, амир, ба ман гӯй! Номи ман Рустам. Ман номи Рустами Достонро доғдор намекунам. Барои шахсе бо номи Рустам аз таслим шудан, мурдан беҳтар аст. Ман бароям марг мехоҳаму ба номи Рустам доғ намебиёрам! Мана ман, куш!
Амир фармуд, ки:
- Баред ина, дар тӯла,51 ба дор овехта кушед!
Ҳамин хел, Рустамбек барои Рустам будани номаш таслим нашуд, ба номи Рустам доғ наовард.
Рустам ва дарди шабушак
Рустами Достон, паҳлавони ҷаҳон, ба шабушак52 гирифтор шуду аз зӯрии дард чанд муддат рӯи кӯрпа хоб кард. Берун намебаромад, аз назари дӯстонаш худро дур мегирифт. Дӯстонаш хостанд, ки паҳлавонро бинанд. Рустам ин нияти дӯстонашро фаҳмида, аз дарди шабушак ор карда, як пояшро бурид.
Дӯстонаш омаданду Рустамро дар ҷойгоҳ, таги кӯрпа
51 Тӯла - таҳхона.
52 Шабушак - бемории хориш.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё