Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа
Дида пурсиданд:
– Барои чӣ хоб рафтӣ?
Рустам:
– Як поям шикаст.
Яке аз дӯстонаш:
– Хайр, ҳеҷ гап не, мо хаёл кардем, ки ту шабушак баровардай.
Дар сари қабри Рустам
Мегӯянд, чун Абдуллохони ӯзбак Хуросонро тасарруф кард, ба сари қабри Рустам омад ва ин шеърро ба таври ифтихору ғурури ғолибият хонд:
Сар аз хок бардору Эрон бубин, Ба коми далерони Тӯронзамин.
Сипас гуфт:
– Надонам, ки Рустам агар қодир ба гуфтан буд, чӣ мегуфт?
Зарифе ҳозир буд, гуфт:
– Рустам ҷавобе дорад, гар иҷозат диҳед ва хашм нагиред, арз кунам.
Гуфт:
– Бигӯ!
Гуфт:
Чу беша тиҳӣ монд аз наррашер, Шагол андар он беша ояд далер.53 Чу беша зи шерон тиҳӣ ёфтанд, Сагон фурсати рӯбахӣ ёфтанд.
Сурхоб
Ҳар шому саҳар акси гули настаран аз боғ, Сурхобу сафедоб задӣ рӯи ҳаворо.
(Салмони Соваҷӣ) Ривоят мекунанд, ки ҳар шому саҳар аз болои пуштаи
53 Дар нусхаи дигари ин ривоят мисраи мазкур бад-ин шакл аст:
Шаголон дароянд он ҷо далер.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё