Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа
Сабзу хуррам тоҷикдухтаре бо кӯзаи нилобӣ дар бағал бар лаби наҳре мефаромаД ва соатҳо акси худро дар оби шаффофу зулол дида, мӯйҳоро ба ҳар ҷониб густурда, ба рухсораконаш об мепошиду шодӣ мекард. Он оби рӯд гоҳе аз муяссар шудани дидори духтар масрур мегашту ифтихор мекард ва гоҳе гирифтори рашку ҳасад мегардид. Масрурию ифтихормандии ӯ аз он буд, ки чунин мӯъҷизаи ҳастӣ дар канори ӯ рӯидаву сабзида, моҳ ба моҳу сол ба сол соҳиби ҳусну латофат мегардад, вале рашкбарию ҳасодати ӯ аз он бармеомад, ки табиат бар ӯ шаффофию зулолӣ ва покию мусаффоӣ ато намуда, аммо он ҳусне, ки одаму ҷонвари табиатро ба ҳайрат мегузорад, дар ин рӯд ҷо надошт. Он рӯд аз ин навниҳоли қадрас таманно мекард, то ки вай ба зудӣ бо кӯзаи об сӯи хонааш барнагардад, бештар обпошиву обпартой бикунад, ки дар ин муддат ранги рӯд аз ранги духтар аксбардор шуда, соҳиби ҳусну таровати нав ба нав гардад. Софияю покиро аз рухсораи ӯ ба худ касб бикунаду сурхию хуну шир омехтаро аз гунаи ӯ рабояд. Сокинони водии Сурхоб54 ҳамон гуландомро Таҳминаи худ медонанд ва лаҳзае аз тасвири шоири бузург Абулқосими Фирдавсиро такрор ба такрор ёдовар мешаванд.
Боре Рустам азми Турон мекунад, вале дар кӯҳу пушта раҳгуму сарсон мемонад. Ӯро ташнагӣ азоб медиҳад ва бими марг таҳдид менамояд. Дар ин дам Рустам ба ғазаб омада мегӯяд:
В-агар з-он, ки дарёи Ҷайхун будӣ,
Ки киштӣ зи дарё на берун будӣ.
Ба нерӯи доранда яздони пок,
Биёгандаме дар заминаш ба хок.
Ба ин барру ин ташнагӣ чун кунам,
Ба марги равон-бар чӣ афсун кунам?!
Гӯё Рустам ба пушти пушта аз ташнагӣ меафтод. Дар
ин вақт Таҳмина бо кӯзааш сӯи дарё мерафт, ки дар раҳ
54 Сурхоб – дарёест, ки аз водии Рашт (Ғарм) ҷорӣ мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё