Зеҳн
Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа

ҚиссаҲайвонот
Аз аввал хондан

Ҷавони беҳушу гӯшро дида, ба ҳайрат мемонад. Аз лабони хушкидаву кафидаи ӯ мефаҳмад, ки аз осори ташнагӣ ин ҷавон афтода, қариб аст, ки ҷонро ба ҳақ месупорад. Ҳамоно кӯзаро пуроб карда, ба ҳалқу ба рӯи Рустам мерезад. Рустам аз файзи об ба худ омада, мебинад, ки дар назди ӯ духтари қоматбаланде рост истодааст:

Чу Рустам бад-он сон паричехра дид,
Зи ҳар донише назди ӯ баҳра дид.
Ба падруд кардан гирифташ ба бар,
Басе бӯса додаш ба чашму ба сар.

Гӯё аз ҳамин Таҳмина фарзанди паҳлавонҷуссаи Рустам бо номи Сӯҳроб таваллуд меёбад. Солҳо паси ҳам мегузаранд. Оқибат бо иғвои хоинон ҳангоме, ки падару писар даст ба гиребон мешаванду ханҷари Рустам синаи Сӯҳробро чок мекунад, оби дарё ранги сурхиро мегирад. Мардум минбаъд ин рӯдро ба ҳамин муносибати фоҷиавие, ки ба қиссаҳо табдил ёфтааст, «Сурхоб» ном мениҳанд.

Дар осори фарҳангӣ низ оварда шудааст, ки «Сӯҳроб писари Рустамро низ Сурхоб мегуфтаанд». Ин маълумотро мо агар дар фарҳанги «Бурҳони қотеъ» дучор оем, пас дар «Фарҳанги Онандроч» меоварад: «Писари Рустам, ки ба Сӯҳроб машҳур шуда, Салмони Совачӣ ба маънии Сурхоб гуфтааст:

«Зи оби сурхи май афтодааст Золи Ҳирад Зи ҷон Зол, ки Рустам бияфтад аз Сӯҳроб»...

Сокинони маҳаллаҳову деҳаҳои водии Сурхоб исроркорона исбот карданианд, ки мурғи рӯҳи Сӯҳроб тамоми шаб аз пайи ҷустуҷӯи мурғи рӯҳи падару (Рустам) модар (Таҳмина) буда, онҳо ҳамдигарро меҷӯянд, то ки аз дидори ҳамдигар шод шаванду бо ҳамдигар наздик шуда, аз шарбати висолат чакрае бинӯшанд. Садою нолиши мурғони рӯҳ аз сари шом шурӯъ мегардаду то сапедадам давом мекунад. «Агар бовар накунед, пас худатон имшаб дар

пешина
аз 125
навбатӣ