Зеҳн
Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа

ҚиссаҲайвонот
Аз аввал хондан

маҳаллаи мо меҳмон шавед, то ки шоҳиди он садои шикваангез бишавед», – мегуфтанд хурду калон. Баробари ин дигарон ҳикояти мурғи Қақнусро ҳам ба саргузашти Сӯхробу Сурхоб пайваст менамуданд: «Ҳарчанд мо шунидаем, ки савти Қақнусро бо пардаҳои савти ҳинду вобаста медонанд, — мегуфтанд онҳо, вале дар ин бора мо шунидаем ва ақидаи худро дорем. Қақнус низ ба мисли Сурхоб ифодакунандаи фоҷиаи мудҳиши Сӯхробу Рустам мебошад. Маҳз Қақнус савту оҳанги ин шеърро эҷод кардааст:

Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудоиҳо шикоят мекунад.

Қақнус ҳамон парандаест, ки чакраи хуни Сӯхроби оғӯштаи хун шударо ба нӯлаш гирифта, ба рӯи модари ӯ Таҳминаи дар бистар ба хоби ширин фурӯрафта мечаконад. Аз ҳамон рӯз эътиборан Қақнус савти ғамангезу пуррасрорро месарояд. Қақнус мурғест дар канори рӯди Сурхоб танҳо парвоз карда мегардад. Мегӯянд, ки ин ҷуфт надорад, зеро ки вай худро ба Сӯхроби ноком монанд медонад. Вай қариб ҳазор сол умр мебинад ва чун наздик ба мурдан расад, се рӯз пештар аз марг ҳезуми бисёрро аз дараи кӯҳ ҷамъ мекунад. Оқибат ба болои он ҳезум менишинад ва азбаски минқори ӯ ҳазор сӯрох дорад, нағмаҳои ҳазоррангро месарояд. Ҷамъи ҳайвоноту парандагони кӯҳсор назди он мурғ ҷамъ шаванд ва баъзе аз шунидани овози ӯ беҳуш шаванд ва то ҳатто қисме бимуранд. Зеро вай қиссаи ғамангези Рустаму Сӯхробро бо савту оҳанг ба шунавандагони худ арз мекунад. Ва чун вақти фафташ даррасад, болу пар бар ҳамдигар мезанад ва оташе аз боли ӯ бичаҳаду ба ҳезум афтад. Ва он мурғро бисӯзонаду хоку хокистар гардонад. Он гоҳ аз сатҳи рӯи рӯди Сурхоб боде мевазад ва ба файзи он аз зери хокистар Қақнуси дигаре пайдо мешавад. Ин аст, ки он мурғ пайваста бар ин минвол пайдо мешаваду нопадид мегардад»...

пешина
аз 125
навбатӣ