Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
- Рӯзе ба қадри як нахӯд аз ин маъҷун майл кун.
Баъд аз ин суханҳо боз ба он макон рафт. Ман бо дастури вай нишон додагӣ амал мекардам ва рӯз ба рӯз қувват ва ҳолат пайдо мекардам, аз заифӣ берун мешудам. Аммо ишқи он санам фаромӯш намешуд. Рӯзҳо барои машғулӣ китобе бардошта мехондам. То ин ки ба аксари илмҳои ғариба моҳир шудам, бо хосияти ҳамаи гул ва гиёҳ ва филизот ва ҷавоҳирот ва бо мизоҷи онҳо, бо нафъу зарари онҳо шиносо гардидам. Инчунин ба кор бурдани чизҳои дигар, сохтани таркибҳо ва дигардоруҳоро донистам. Аммо шунидан кай бувад монанди дидан! Чун надида будам, худ тааҷҷуб мекардам, ки ин давоҳо кадом аст.
Сухан мухтасар, то муддати як сол дар он макон будам. Дар ин муддат ҷӯгиро ҳамон як бор дида будам. Аз он ҷониб дар рӯзе, ки ҷӯгӣ маро бо худ мебарад, ёрон ва парасторонам ҳайрон ва саргардон дар он ҷазира мемонанд. Мардуми дигар беморҳои худро бардошта, ба вилояти худ мебаранд. Парасторони ман дар он як сол ба меваҳои тар ва хушки он ҷазира қаноат карда рӯз мегузаронанд. Ҳамин ки рӯзи иди ҷӯгӣ расид, вай аз хилват берун баромаду қаламдону қоғаз ба дасти ман дод ва гуфт:
- Бо ман биё!
Аз ақиби ӯ равон шудам. Вақте ки дари боғро кушода берун баромадам, дидам, ки мардуми бисёре ҷамъ омада буданд. Чун ёронам маро сиҳат ва саломат бо ҷӯгӣ диданд, фарёд кашида нидои хурсандии баланд карданд. Ҷӯгӣ табассум менамуд. Аммо ман намедонистам, ки инҳо киёнанд ва он шӯру ғавғо барои чист. Чун ҷӯгӣ аз оббозӣ фориг гашт, ба дидани беморон омад. Аз ман қоғаз талабид, ман зуд ба ӯ қоғаз додам ва қаламдон дар даст, аз рӯи адаб ба пушташ истодам. Ӯ ба нусха навиштан сар кард. Ман нигоҳ карда донистам, ки ҳар беморе чӣ дард дорад. Қариб ҳамаро тамом карда буд, ки ба як ҷавони зеборӯ расид. Он ҷавон офтобрӯ, мушкинмӯ бошад ҳам, аз заъф бисёр бетавон ва бетоб шуда афтода буд. Чашмҳо фурӯ рафта. Ранги рӯяш зард гашта буд. Чун ҳаким ба ӯ нигоҳ кард, нусхае навишт ва даво нафармуд, аз ӯ даргузашт. Чун аз ҳама фориг гашт, ба сӯи боғ равон шуда, ба ман фармон дод, ки он беморро биёр. Амрашро ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё