Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Ҷаҳл ва тассауб худро куштааст. Сабаби ин худкушӣ ҳамин, ки чаро ман дониста ва фаҳмидаам, ки ӯ чӣ мекунад.
Борҳо таассуфи бисёре хӯрда аз дарахт ҷудо кардам ва дар он ҷо чуқурие канда хостам, ки ӯро гӯр кунам. Дар он дам аз миёни мӯйҳои ӯ ду калид ёфтам. Онҳоро гирифта ба қисса андохтам. Баъд ӯро гӯр карда ба иморат омадам ва ба хилвати ӯ рафтам. Аввалан аз бемор хабар гирифта хотирҷамъ шудам.
Баъд ба маконе, ки нишемани ҷӯгӣ буд, рафтам. Дар он ҷо як дари қулфкардашударо дидам. Калидро ба он қулф андохта кушодам ва даромада дидам, ки дар он хона зару зевари бисёре рехта шуда буд. Дар он байн сандӯқчаи мурассаеро ёфтам, ки калид ба он рост омад. Қулфи онро кушода дидам, ки як китоби ҷилдмурассаъ истодааст. Китобро кушода хондам, ки дар он тамоми доруҳо, исми аъзам ва дастури чилланишастан ва тасхири ҷин, арвоҳ ва афсунот навишта шуда буд.
Чун онро дидам, аз шодӣ наҳра зада беҳуш гардидам. Баъд ба худ омада, бо ғайрати ҳарчӣ тамоми ба нигоҳубини он ҷавон кӯшидам, то ки ҷароҳати вай сиҳат ёфт. Баъд аз гузаштани ҳашт рӯз бо он ҷавон аз боғ берун баромадем. Ёрони ҳар ду тараф ба саломатии мо шукр карданд...
Вазири падарам, марди тоҷир ва боқӣ парасторон масрур ва хуррам аз он ҷазира озуқа ҷамъ намуда, бо асбоб ва амволи бисёри ва зару ҷавоҳире, ки дар ҷӯгӣ буд, ба киштӣ даромада, равонаи вилоят шудем. Он ҷавон низ амирзода буд, вай ҳам бо ёрони худ ба мамлакаташ рафт.
Вақте ки сиҳат ва саломат аз дарё ба канор омадем, ба назди падарам қосиде равона карданд ва муждаи саломатӣ бурданд. Худамон кӯч бар сари кӯч омадем. То ки ба ин мавзеъ расидем. Аз он ҷониб, чун хабари саломатӣ ба падарам расид, шаҳрро оинабандӣ ва чароғон фармуда, худ бо умаро ва вузаро ба истиқбол берун омад, мо дар ин мавзеъ рӯ ба рӯ шудем. Ман азбаски аз бисёрии мардум ваҳшат доштам, ба падар гуфтам, ки:
— Ман ба шаҳр намедароям. Дар ҳамон хона ва боғ зиндагӣ мекунам.
Падарам гуфт, ки:
— Э нури дида! Чун ба ту дард аз он боғ рӯй дода буд, ман фармудам, ки он боғро хароб кунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё