Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Ин суханро шунида, аз асп худро партофтам ва ба хок ғелида ба гиря даромадам. Ҳарчанд падарам хост, маро тасаллӣ дода, ба шаҳр барад, ризо надодам. Дар охир маслиҳат чунон диданд, ки ба ҷиҳати ризоҷӯии ман дар ҳамон макон боғе созанд.
Ҳамон рӯз ба банноён, муҳандисон ва деҳқонон фармон доданд ва ҳамин боғро дар андак рӯз обод намуданд. Иморатеро, ки мебинӣ, ба дилҳои тамоми карданд. Баъд сад нафар ғулом ва хизматгор муқаррар фармуданд ва худ аз ислоҳи ман маъюс гашта, бо сад дареғ ва афсус ба шаҳр рафтанд.
Ман ба хилват нишаста ба хондан сар кардам. Чил рӯз тарки таомҳои ҳайвонӣ ва ғайра намудам. Ҳар рӯз ва ҳар шаб аҷоиби беандоза медидам ва машаққати бисёр мекашидам. Аммо ба умеди он, ки шояд домани васли ӯ ба чанг ояд, аз ҳеҷ чиз натарсидам, дар шаби чиҳилкум баъд аз соиқа ва тӯфон ва ғурришу раъд ва тапиши замин ва овозҳои аҷиб ва ҳавлнок, аз ҳаво тахте пайдо шуд. Чун ба замин расид, дидам, ки пирамарде бар сар тоҷи мурассаъ ва либоси марвориддӯзӣ дарбар ба болои тахт нишастааст. Ба вай салом додам. Гуфт:
— Эй ҷавон! Чӣ аз ҷони ҷинҳо мехоҳӣ? Ҳоло бас аст, наздик шуд, ки тамоми моро бисӯзонӣ. Боре матлаб чист? Бигӯ то ҳосил кунам. Агар мақсади қатли ом дошта бошӣ, ихтиёр бо туст.
Гуфтам:
— Агар қасам ёд кунӣ, макр ва ҳила накунӣ ва дурӯғ нагӯӣ, мақсадамро мегӯям.
Он мард қасам ёд кард. Ман гуфтам, ки:
— Дар паси парда духтаре дорӣ. Агар ба аҳд вафо кардагӣ бошӣ, мехоҳам, ки муроди маро ҳосил кунӣ ва духтаратро ба ҷиҳати таскини дили ман ҳозир кун!
Он мард хандид ва гуфт:
— Матлаби ту ҳамин аст?
Гуфтам:
— Кадом матлаб аз ин азимтар аст? Ин шарафи давлат ва иқбол ва мададгории бахти мани бечораи саргашта ва ҳиҷрон
1 Банно — бинокор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё