Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

ҷо оварда, он ҷавонро ба зӯр бардоштам ва ба боғ даровардам. Онро ҷӯгӣ ба даруни хилват бурд ва дарро баст. Ман мутафаккир шудам, ки оё ба ӯ чӣ хоҳад кард?

Ниҳоят тоқат накарда ба боми иморат баромадам. Аз он ҷо сӯрохие ба ҳуҷра буд. Оҳиста назар кардам, дидам, ки ӯро беҳуш кард ва ба чормеҳ кашида гирдогирди косахонаи сари ӯро бурида, бо ҳикмати тамоми устухонро ҷудо карда, ба канор гузошт. Дар як сӯ оташе афрӯхта буд. Ба он оташ анбӯрро гузошта гарм кард. Чун онҳоро дидам, дарди ҷавонро фаҳмидам, зеро китобе аз китобҳои ӯ хонда будам, ки агар ҳазорпо ба гӯши касе равад, ба косаи сар ҷо мегирад, ва одам рӯз ба рӯз аз зӯрии дарди сар аз хӯрду хӯрок ва қуввату тоб меафтад ва мекоҳад. Оқибат мағзи сар табоҳ ва сиёҳ мешавад ва ӯро мекушад. Илоҷи он ҳамин аст, ки устухони сари ӯро ба ҳикмат ҷудо кунанд ва бо анбӯри нимгарм он ҳазорпоро бардоранд. Агар анбӯр гарм набошад, ҳазорпо поҳояшро ба пардаи димоғ банд мекунад ва парда медарад. Агар анбӯр пургарм бошад, парда месӯзад. Баъд аз дур кардани ҳазорпо устухони фарқи сарро ба ҷо гузошта, бо фалон равған ва доруҳо захми ӯро беҳ кунанд. Дигар илоҷ надорад.

Дар ин дам ҷӯгӣ анбӯрро бардошт ва хост, ки ҳазорпоро дур кунад. Ман донистам, ки ғалат мекунад ва он ҷавон кушта мешавад. Бинобар он тоб наовардам, фарёд кардам, ки:

— Э устод, анбӯр гарм аст.

Чун овози маро шунид, сар боло карда маро дид. Қаҳраш омад ва анбӯрро ба дур андохт ва сару синазанон дарро кушода ба кунҷи боғ рафт. Ман аз бом ба зер омадам ва ба дарун даромадам. То он вақт анбӯр ширгарм шуда буд, онро гирифта бо дилпурӣ ҳазорпоро баргирифтам, аз таъсири гармии анбӯр ҳазорпо похояшро ба худ кашид. Ман ҳам ӯро аз мағзи сари ӯ бардошта ба дур андохтам. Баъд фарқи он бечораро ба ҷои худ гузошта, дору, марҳам ва равған, ки ҷӯгӣ ба он ҷо ҳозир карда буд, ба ҷароҳати ӯ молидам ва маҳкам бастам ва аз ӯ хотирҷамъ шуда берун баромадам ва ба кофтукови ҷӯгӣ машғул шудам. Баъд аз ҷустуҷӯи бисёр дидам, ки худро бо мӯи сари худ аз дарахте ба ҳалқ кашида, аз ғояти

1 Табоҳ – вайроншуда, беҳударафта, бар абас талафшуда.

пешина
аз 191
навбатӣ